Короновирус аз охири соли гузашта аз шаҳри Вуҳони Чин сар берун кард ва ҳамакнун беш аз ними оламро фаро гирифт. Чин эълон кард, ки кулли беморонашро муолиҷа кардааст ва ҳоло сироятшудагон хеле кам мондаанд. Амрико, кишварҳои Аврупо ҳоло даргир бо ин вирусанд ва танҳо коре, ки тавонистанд анҷом диҳанд, дар карантин нигоҳ доштани сокинон аст. Дар чанд мамлакати олам воксани зидди ин вирус мавриди санҷиш қарор гирифт, вале чун он камтаъсир ё бетаъсир, ки буд, эълон нашуд. Аммо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ахиран аз озмоиши чанд воксан ва сохтани он хабар дод.
То кунун аз ҳеч кишваре дар бораи роҳҳои муолиҷа матлаби илмие интишор наёт. Зоҳиран ҳар кишвар бо истифода аз дармонҳои пешине, ки гунаҳои дигари ин вирусро табобат мекард, беморонро муолиҷа мекунанд. То ҳол таҷрибаҳое аз муолиҷа расонаӣ нашудаанд ва агар шуда бошанд ҳам густарда набуданд.
Охири ҳафтаи гузашта ҳам Эрон ва ҳам Русия эълон карданд, ки доруи зидди короновирусро сохтаву таҷриба кардаанд. Аз ҷумла хабаргузории Форси Ҷумҳурии Исломии Эрон иттило дода, ки ин дору бо талошҳои донишмандони кишвар сохтаву таҷриба шуд ва се марҳилаи озмоишӣ мусбат буд.
Масъуд Сулаймонӣ, донишманди эронӣ, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс гуфт, ки “Доруи дармони вируси короно бо истифода аз бофтаҳои бунёдӣ (стволовые клетки) сохта шуд ва ин дору бар рӯи бисёре аз беморон озмоиш ва ҷавоб дод.”
Сулаймонӣ гуфт, ин як кори ҷамъӣ аст ва тавассути Вазорати беҳдошти Эрон ва бо ҳидояти дуктур Маликзода ва дуктур Восеъӣ бо ҳамкории Бемористони Шариатӣ ва Бемористони Масеҳи Донишварӣ анҷом шуд.
Ба гуфтаи вай, ин дору бар рӯи бемороне, ки ба короновирус мубтало ҳастанд, дар се марҳила озмоиш ва мусбат арзёбӣ шуд.
Сулаймонӣ шарҳ дод, ки ин дору дар фосилаи замонии аз 3 то 6 рӯз ва дар се марҳила, беморони мубтало ба вируси куруноро дармон мекунад”.
Русия ҳам аз тавлиди доруи таъсиргузор ба вируси кушандаи КОВИД-19 хабар дод. Агентии федералии тиббиву биологиии Русия эълон кард, ки доруи зидди коронавирусро пайдо кардааст. Ин дору дар заминаи Мефлохин – як доруе, ки ҳанӯз аз солҳои 70 барои табобати вараҷа (малярия) истифода мешуд, сохта шудааст. Вероника Сквортсова, роҳбари ФМБА рӯзи шанбе, 28 март гуфт, доруи сохташуда навъҳои гуногуни коронавирусро табобат мекунад. Ин ниҳод мехоҳад ин дармонро ба вазорати тандурустии Русия барои дохил кардан ба рӯйхати доруворе, ки барои табобати коронавирус тавсия мешаванд, пешниҳод кунад.
Аммо вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко гуфт, ки ҳоло намешавад дар ин бора хулосаи ниҳоӣ баровард. Ба гуфтаи ин соҳибмақоми давлати Русия ҳоло чандин доруи дигар ҳам барои табобати короно мавриди санҷиш қарор гирифтаанд ва кадоме пуртаъсиртар хоҳад буд, танҳо санҷишҳои озмоишгоҳӣ ва муолиҷаи беморон гувоҳӣ хоҳанд дод.
Бино ба гуфтаи масъулони ФМБА ин дору бо истифода аз таҷрибаи муолиҷаи беморони мубтало ба короновирус дар Чин ва Фаронса сохта шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки фаронсавиҳо таҷрибаи худро ҳанӯз нокомил меноманд ва мегӯяд дар ин маврид набояд ба саросемагӣ роҳ дод.
Чин, яке аз муборизони сарсахти зидди короно, ки мегӯяд ба ин вирус пирӯз шудааст, то кунун шеваи дармонро комил расонаӣ накардааст.