Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки зарфи як шабонарӯз дар олам 32 ҳазор нафар ба вируси Covid-19 сироят шуданд ва теъдоди умумии беморони Covid-19 дар саросари ҷаҳон ба беш аз 266 ҳазор нафар расидааст. Аз ин беморӣ то кунун дар олам беш аз 11 ҳазор нафар фавтидаанд. Аммо донишгоҳи Хопкинси ИМА мегӯяд теъдоди сироятшудагон аз 300 ҳазор гузаштааст.
Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар Италия 793 нафар бар асари сироят ба короновирус ҷон доданд. То кунун мақомот дар марги 4 ҳазору 825 нафар аз ин беморӣ хабар доданд. Италия аввалин кишварест, ки дар марги беморон аз короновирус аз Чин пеш гузашт. Бино ба омори рӯзи 22 марти соли равон 53 ҳазору 578 сокини Италия гирифтори вируси Covid-19 мебошанд.
Испания дуюмин кишвари Аврупост, ки шумори бештари сироятшудагон сабт шудаанд. Бино ба иттилои расмӣ дар як шабонарӯзи гузашта қариб 5 ҳазор нафар сироят ёфта, теъдоди умумии ин афрод ба 24 ҳазору 926 нафар расидааст. То кунун дар Испания аз ин беморӣ 1326 нафар фавтидаанд.
Фаронса хабар дод, ки дирӯз аз ин вирус 112 нафар ҳалок шуда, шумори умумии фавтигон ба 562 нафар расидааст. Дар ин кишвар дар як рӯз 1847 нафар сироят ёфтаанд ва шумори умумии беморони коронавирус ба 14 ҳазору 459 нафар арсидааст.
Вазири тандурустии Фаронса Оливйе Веран ахиран гуфт: “Дар чунин ҳолат чунин вонамуд карданд, ки гӯё коре нашудааст, ин бемасъулятӣ ва хеле хатарнок аст”.
Дар Швейтсария дар як шабонарӯз 6 ҳазору 100 нафар сироят шуданд ва 56 нафар ҳалок гардиданд.
Дар ИМА теъдди сироятшудагон бештар аз 21 ҳазор нафар аст ва то ҳол 266 нафар фавтидаанд.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон то кунун ягон нафар дар кишвар чун сироятшуда ба ин вирус ба қайд гирифта нашудааст. Ҳамаи касоне, ки аз хориҷ ворид мешаванд, ба карантини 14-рӯза фаро гирифта шудаанд.