Бояд ба ҳар офати табииву техногенӣ, ҳолати фавқулода омода буд. Омодагии қаблӣ метавонад сабаби коҳиши зарар шавад. Омодагии қаблӣ метавонад одамонро ҳушёр кунад, то барои дифоъ аз молу ҷонашон ҳамеша омода бошанд. Як роҳи расидан ба ҳадаф роҳандозии корҳои таблиғотист. Мутахассисони Кумита ҳоло дар минтақаҳо бо ташкили дарсҳои омӯзишӣ масъулини мудофиаи гражданиро барои корҳои таблиғотӣ омода месозанд.
Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав дар масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2020 ва Нақшаи пуррагардонии Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита гузаронидани машғулияти таълимӣ бо дараҷаи сардорони мудофиаи граждании ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Шаҳринав дар рӯзҳои 11 то 13 марти соли ҷорӣ ба нақша гирифта буд.
Бино ба гузориши ҳамкоронамон рӯзи 11 марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита подполковник Р. Олимова ва майор З. Мирзокаримова бо 20 нафар аз ҷумлаи сардорони мудофиаи граждании ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Шаҳринав машғулият гузарониданд.
Дар ин машғулият онҳо бештар дар бораи омодагиҳо ба боронҳои пуршиддати баҳорӣ, роҳандозии корҳои таблиғотӣ миёни аҳолӣ, талошҳо барои коҳиши хатари офатҳо ва ғайра сухан ронданд.
Зикр гардид, ки офатҳои табиӣ зуҳуротеанд, ки ҳаргиз наметавон пешгӯӣ кард. Вале омодагии саривақтӣ метавонад сабабгори коҳиши зара шавад.
С. Ҳоҷиев, сардори бахш.