Ҷостин Трюдо – нахуствазири Канада ва ҳамсараш Софи Грегуар-Трюдо пас аз он ки ташхис Софи Грегуарро гирифттори вируси короно эълом кард, худро карантин карданд. Дар баёнияе, ки аз сӯйи дафтари Сарвазири Канада мунташир шуд гуфта шудааст, ки хонум Грегуар ҳоли хуб дорад ва беморӣ ба ҷонаш хатар надорад. Оқои Трюдо ҳам бояд муддати 14 рӯз бо ҳамсараш дар карантин бошад. Ин манбаъ гуфтааст, ки худи Сарвазир ҳоли хуб дорад, чун нишонаҳои вируси короно дар ӯ алҳол дида нашудааст. Вале бояд тест супорад ва аз натиҷаи он хулосаи тиббӣ интишор дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол Италия эълон кард, ки бар асари сирояти вируси короно 1014 нафар фавтиданд. Зарфи 26 соати охир дар ин кишвар аз короно 188 нафар тарки олам карданд.
Италия аввалин кишвари Аврупост, ки барои сирояти сартосарӣ бо короно пурра карантин шудааст. Дирӯз хабар дода мешуд, ки ба ҷуз мағозаҳои хӯрокворӣ дар ин кишвар кулли мағозаву дӯкону бозорҳо таътил шудаанд.
Ҳамчунин аз бисёр кишварҳо гузориш расидааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз сирояти сартосарӣ мактабҳоро таътил эълон карданд. Яке аз ин мамлакати аврупоӣ Фаронса мебошад ва дигар Лаҳистон аст.
Амрико кулли мусобиқоти варзиширо лағв кард
Созмони ҷаҳонии тандурстӣ ахиран аз сирояти бештар аз 125 ҳазор дар 118 мамлакати дунё ба короно хабар дод. Омори марг ҳам дар олам аз ин беморӣ аз 4600 нафар фаротар рафтааст.