Исфандиёри Халил, журналисти тоҷики муқими Машҳад баъди дидану шунидани сарусадоҳои кроновирус дар Тоҷикистон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамватанон муроҷиат кард, ки ба воҳима дода нашаванд. Исфандиёри Халил, ки худ дар кишваре зиндагӣ дорад, ки гирифтори короновирус шудааст, аз таҷриба муборизаи эрониҳо ба муқобили ин вирус ёдовар шуда, ҳамзамон воқеъияти ҷолиберо тасвир мекунад ва бо истифода аз таҷрибаи чанд рӯзи охир тавсияҳои муфидеро ҳам ироа кардааст, ки донистану аз он кор гирифтан барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон хеле муфид ва ҷолиб аст. Иҷрои ин тавсияҳо ҳеч мушкиле надоранд ва баръакс бидуни харҷи зиёд моро дар мубориза зидди ин вируси кушанда қобил ва доно мекунанд. Инак, номаи Исфандиёри Халил:
Салом дустон ва ҳамватанони гиромӣ.
Бо таваҷҷуҳ ба воҳимае ки ба хотири коронавирус дар Тоҷикистон ба роҳ афтодааст, ба ҳайси як нафаре ки дар миёнаи ин воҳимаҳо дар шаҳри Машҳади Эрон қарор дорам, мехоҳам аз таҷрибаҳо ва тавсияҳои мавҷуд дар Эрон ба шумо бигуям то шояд ба дарди шуморе аз ҳамватанон бихӯрад.
Аз руи эъломи масъулони Машҳад, дар ин шаҳр низ монанди чанд шаҳри дигар вазъият "сурх" (қирмиз) унвон шудааст. Вале на ба андозаи Гелону Теҳрону Қум ва баъзе шаҳрҳои дигар. Аммо корҳои давлатӣ ҳанӯз таътил нашудааст, фақат дар идораҳо шаҳрвандон бо риояти нукоти беҳдоштӣ кор карда истодаанд.
Барои мисол, ҳангоми вуруд дар дами даромади идораҳо қуттиҳои маҳлул ё мойеи зиддиуфунӣ бо махлути маводи спиртӣ гузошта шудааст ки ҳар ки сари кор ояд, дасташро шуста медарояд. Дар баъзе ҷойҳо дами даромад барои мушаххас кардани вирус тест гирифта мешавад. Сипас дар утоқҳои корӣ низ мизу курсиҳо ва системаи компютерӣ бо афзорҳояшро бо маводи спиртӣ шуста, сипас машғул ба кор мешаванд. Вақти рафтан аз кор боз ҳам дастҳоро дар дами дар шустушӯ карда, хориҷ мешавем.
Сипас замони ба хона расидан низ агар имкон бошад либосҳоро дар дами дар, зери либосовез меовезем ва ба дохили хона ва ҷои хобу болои дивану сандалиҳо намебарем. Сипас ба дастшӯ рафта, дастҳоро бо мойеъи дастшӯӣ ё собун тоза мешӯем, руйҳоро бо оби гарм мешуем ва он вақт дар хона ҳузури комил пайдо мекунем. Дастдиҳӣ ё бағал кардан бо аҳли хонавода то замони тамизкорӣ ва шустушӯ мамнуъ аст.
Либосҳоро низ зуд -зуд шустушӯ диҳед беҳтар аст ва ҳамзамон бо оби гарм ҳаммом кунед. То он ҷое ки гуфта шудааст, ин вирус дар гармии болои 30 дараҷа тоқат надорад. Аммо имрӯзҳо дар Машҳад ҳаво сардтар ва боронӣ аст, барои ҳамин аз эҳтиёт кор мегирем. Маска ё моск кам аст, дар дорухонаҳо тақрибан пайдо намешад, спирт ҳам ҳамин тавр, аммо чанд нуктаро дар мавриди ин вирус бояд донист, ки мавриди таъйиди Созмони Ҷаҳонии тандурустӣ низ ҳаст:
1 Короновирус аз пусти солим намегузарад ва танҳо даҳ дақиқа рӯи пӯст зинда мемонад. Агар дасткаш надошта бошед ҳам нигарон набошед, фақат бояд дастатонро ба руву биниву даҳон ба ҳеч ваҷҳ назанед!
2 Ин вирус дар рӯи порчаву либос то 12 соат боқӣ мемонад ва сипас мемирад, дар болои оҳан то 20 соат ва навъҳои дигари филизе монанди фулод то 20 рӯз гуфта мешавад.
3 Дар ҳарорати 30 дараҷа болои сифр мемирад, ба ҳамин хотир шустушӯҳо бо оби гарм бошад беҳтар аст.
4 Ба ҳеч ваҷҳ оби сард ва ғизои сард нахӯред ва қаҳва, дамнушҳои мизоҷаш гарм, чойи гарм ва ғизои гарм майл кунед. Зеро ин гармиҳо боис мешавад ки бадани шумо дар муқобили ин вирус муқовим шавад ва чун вирус сардидӯстдор аст, дар гармӣ тоб намеорад.
5 Ин вирус вазни қобили таваҷуҳе дошта, имкони интиқолаш аз ҳаво кам аст, танҳо роҳи нуфузаш аз тариқи бинӣ, даҳон ва чашм аст, ки дар сурати ламс кардани ин узвҳо бо даст мегузарад. Барои ҳамин зиёд нигарони аз ҳаво гузаштани он набошед, фақат 1,5 метр дуртар аз ҳамдигар ҳангоми атсаву сурфа қарор гиред ва даст надиҳед ё умуман аз ламси узвҳо худдорӣ кунед. Ҷои ҷамъшавии аслиаш ҳам бинӣ аст, ба ҳамин хотир биниро ҳар замони мумкин бо оби гарм шустушӯ диҳед. Сақич ё живачка хоидан ҳам барои саломати даҳон тавсия мешавад.
6 Аз омилҳои олояндаи вирус монанди корти бонкӣ, маҳсулоти хурокие ки руяш боз аст ва ба дасти чанд нафар мерасад, нонҳои руяш боз, дастаҳои дохили автобусу ҷойҳои таҷаммуи одамон, лифтҳо ва тугмаҳои банкомату лифт ва амсоли инҳо эҳтиёт шавед ва агар даст ҳам расондед, зуд дастатонро шуед ва ба руву сар назанед. Кафшҳоро ба хона надароред, ки ин вирус сангин аст ва ба замин меафтад ва кафшҳо омили олоянда маҳсуб мешаванд.
7. Либосҳои болоро, ки шустанашон сахт аст, дар самти нури мустақими хуршед агар буд, қарор диҳед, аз вирус пок мешавад.
8. Нигаҳбони кӯдакони зери 5 сол ва солмандон, ҳамчунин шахсоне ки беморанд ё системаи эминии баданашон заиф аст, бошем ва беҳтар аст онҳоро дар хонаи гарм нигоҳ дорем ва аз берун рафтан ва эҳтимоли олудагӣ дар амон нигаҳ дорем.
....Ҳамчунин аз таҷрибаи худ мегӯям, ки барои эҳтиёт ва камчин шудани моску спирту маводи шуянда, ба миқдори ниёз дар хона дошта бошед то дар замони зарурат истифода кунед. Аммо инсофро риоят кунед ва ба дигарон ҳам боқӣ гузоред то ҳама дастрасӣ ба маводи беҳдоштиро дошта бошанд. Дар Машҳад ҳоло чанд дорухонае ки як ҳафтаи ахир гаштам, спирт (алкул) ва моск пайдо намешавад. Шояд бошад, аммо надорем мегӯянд. Маводи шӯянда низ кам ва гарон шудааст. То ҳадди тавон аз эҳтиёт кор мегирем, аммо Худо худаш нигаҳбон бошад. Зеро бемористонҳое ки дар ҳудуди шаҳр ҳастанд барои қабули ин навъи беморӣ, хеле маҳдуданд ва барои мо хориҷиҳо сахт аст муроҷиат ба он ҷоҳо. Имкони сафар ба Тоҷикистон вуҷуд надорад, зеро парвозҳо мамнуъ ва қатъ шудаанд, танҳо ягона шанс ин аст ки дар сурати вахимтар шудани вазъ давлати мо шаҳрвандони худро бо ҳавопаймо баргардонад. Аммо бо вуҷуди сардиҳо ва эъломи авҷ гирифтани ин вирус дар ҳафтаи оянда, боз ҳам шумори дармоншудаҳо рӯ ба афзоиш аст ва умед аст ки решааш канда шавад.
Нигаҳбон ва нозири худатон бошед, нукоти беҳдоштиро риоят кунед, вале натарсед. Ҳарчанд дармони қотеъ барои ин беморӣ вуҷуд надорад, аммо риояти нукоти беҳдоштӣ ва тақвияти системаи эминии бадан кумак мекунад, то гирифтори ин вирус нашавем. Муҳим ба ҳамдигар кумак кунем то шароити беҳдошти фардӣ ва умумӣ дар кишвар бад нашавад ва ҳама тавонанд аз маводи лозими беҳдоштӣ баҳравар шаванд.
Боқӣ дар амони Худо бошед.
Дар ҳақи ҳамдигар дуо кунем.
Бознашр аз саҳифаи “Ахбор барои афкор”-и шабакаи иҷтимоии Фейсбук