Дар шаҳри Вуҳони Чин, ки сарчашмаи аслии вируси короно мебошад, беморе фавтид, ки як маротиба шифо ёфтаву дубора ба ин вирус сироят шуда буд. Духтурон гуфтаанд, ки ин марди 36-сола бори аввал миёнаҳои моҳи феврали соли равон сироят шудаву табобат ёфта буд. Баъди аз беморхона ҷавоб шудан мебоист дар карантини 14-рӯза мебуд. Вале ду рӯз пас бори дуюм сироят шуд ва ин бор беморӣ барояш кушанда омад
Баъди ин ҳодиса бемористон эълон кард, ки ҳар касе баъди муолиҷа бори дуюм нишонаҳои сироятро дар вуҷудаш ҳисс мекунад, бидуни таъхир ба шифохона баргардад.
Тибқи омори охир то ба имрӯз дар саросари олам 95 ҳазору 481 нафар ба вируси Covid-2019 сироят шуданд. Шумори қурбониёни ин вирус ба 3 285 нафар расидааст.
Вазъ берун аз хоки Чин дар Италия вазнин аст. Дар ин кишвар 3089 нафар сироят шудаву 107 нафар фавтидаанд. Дар Эрон 2922 нафар сироят ёфта ва то кунун аз марги 92 нафар хабар дода мешавад. Дар Кореяи Ҷанубӣ то кунун 5766 нафар чун сироятшуда ба Covid-20 сатб гардида, 35 нафар ҷон бохтаанд.
Дар Русия то ба имрӯз 7 нафарро чун сироятшуда ба вируси короно ба қайд гирифтаанд, ки 2 нафари онҳо чиниҳо мебошанд. Се тани дигар аз ҷумлаи мусофирони киштии тафреҳии Diamond Princess будаанд. Дар Санк-Петербург ҳам донишҷӯеро бо нишонаҳои ин вирус ошкор карданд, ки аз Италия барои идомаи таҳсил омада буд.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон то ба имрӯз дар кишвар ягон ҳодисаи сироят ба вируси короно ба қайд гирифта нашудааст.