Бино ба охирин иттило садуқи байналмилалии пул барои мубориза бо вируси короно дар саросари ҷаҳон 50 миллиард доллар ҷудо кард. Ин тасмим баъд аз он гирифта шуд, ки вирус ҳамакнун баъди Чин босуръат ба кишварҳои дигар, аз ҷумла мамолики аврупоӣ доман мегустарад. Ҳафтаи ҷорӣ давлатҳо ва бонкҳои марказии ҷаҳон гомҳо барои коҳиши таъсири Короно-19 бардоштаанд. Сандуқи байналмилалии пул гуфт, ки ин 50 миллиард долларро ба кишварҳое медиҳад, ки камдаромаданд ва ё даромади миёна доранд ва ё низомҳои беҳдоштии онҳо заъиф аст.
Сарвари Сандуқи байналмилалии пул Кристалина Георгиева бо эълони 50 миллиард доллар кӯмак ин сандуқ изҳор доштааст, ки вируси короно интизорот дар мавриди рушди беҳтари иқтисодӣ дар соли 2020-ро барҳам задааст ва дастовардҳои ин солро ба камтарин мизон аз замони буҳрони молии соли 2008 коҳиш медиҳад.
Инчунин рӯзи чоршанбе Палатаи намояндагони Конгресси ИМА тадбирҳо барои мубориза бо короновирусро пазируфт ва барои ин 8,3 миллиард доллар ҷудо кард.
Бино ба гузориши Интерфакс тибқи ин лоиҳаи қонун беш аз 3 миллиард доллар барои корҳои таҳқиқотӣ, аз ҷумла пайдо кардани воксин аз ин вирус масраф хоҳад шуд. 1 миллиард доллари онро барои харидани дору ва таҷҳизоти тиббӣ сарф мекунанд. 2,2 миллиард доллар сарфи тадбирҳои пешгирӣ мешавад, ки аз он 950 миллион доллар ба муассисаҳои тиббӣ ихтисос мегирад.