Шумори мубталоён ба вируси короно дар Кореяи Ҷанубӣ бино ба омори соати 8 бегоҳи рӯзи гузашта ба 5186 нафар расид. Раванди рӯ ба афзоиши вирус дар Кореяи Ҷанубӣ нигаронкунанда аст, танҳо рӯзи гузашта бештар аз 500 нафар ба ин вирус мубтало шуданд.
Дар иёлоти Вашингтони ИМА дирӯз аз фавти боз се нафар бар асари сирояти короно хабар дода шуд. Шумори ҷонбохтагон дар ин кишвар ба 9 нафар расид. Мақомоти ИМА хабар доданд, ки то кунун беш аз 100 нафар ба ин вирус сироят шудаанд ва таҳти муолиҷа қарор доранд.
Дар Испания низ аввалин ҳодисаи марг аз сирояти короновирус ба қайд гирифта шуд. Испания гуфтааст, ки ин мард 13 феврал фавтида будааст, аммо танҳо рӯзи сешанбе муоинаи ҷасад нишон додааст, ки марҳум гирифтори вируси Covid-19 будааст.
Эрон бештар аз 54 ҳазор маҳбусонро аз зиндонҳо муваққатан озод кард, то аз густариши сирояти вируси марговар ҷилавгирӣ кунад. Мақомоти додгоҳии ин кишвар гуфтаанд, ки танҳо он маҳбусоне ба рухсатӣ рафтанд, ки дар хунашон Covid-19 ошкор нашудааст.
Дар айни замон шумори мубталоён ба короновирус дар олам ба беш аз 90 ҳазор нафар расидааст. 3110 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд, ки аксари онҳо дар Чин мебошанд.
Зарфи ду ҳафтаи охир аз Covid-19 дар Эрон 77 нафар ба ҳалокат расиданд. Рӯзи сешанбе вазири тандурустии Эрон аз ифшои 835 гирифтори нави вирус хабар дод. Бино ба маълумоти расмӣ ин дуюмин рӯз аст, ки шумори мубталоён ба шиддат меафзояд ва теъдоди беморони короновирус дар ин кишвар ба 2336 нафар расидааст.
Рӯзи душанбе барои арзёбии вазъ як ҳайат аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ вориди Теҳрон шуд. Ҳавопаймои онҳо доруворӣ, сару либоси ҳифозатӣ ва таҷҳизот барои 15 ҳазор кормандони тиб, ҳамчунин маҷмуъи озмоишӣ барои аз тест гузаронидани 100 ҳазор нафар овард.
То кунун аз 290 вакили парламони Эрон дар 23 нафари онҳо короновирус ошкор шудааст. рӯзи душанбе аз ин вирус Муҳаммад Мирмуҳаммадии 71-сола – узви Шӯро олии роҳбарии Эрон Алии Хоманаӣ фавтид.
Кореяи Шимолӣ, ки марзҳояшро ба рӯи ҳамаи кишварҳо бастааст, розӣ шуд, ки дипломатҳои хориҷиеро, ки мехоҳанд аз ин кишвар берун раванд, ба Владивосток расонад. Рӯзи 1 уми марти соли равон дар Кореяи Шимолӣ карантини 30-рӯза барои садҳо шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар миёни онҳо кормандони дипломатии сафоратҳо ва созмонҳои хориҷии муқиқми ин кишвар низ бдуанд, ба анҷом расид.