Ҳалокати се коргар дар тахриби як бинои тахрибшаванда дар Теҳрон

Дар резиши як сохтмони тахрибшаванда дар шимоли Теҳрон се коргар ҷони худро аз даст доданд. Бино ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон – ISNA рӯзи гузашта ҳангоми тахриби як дастгоҳи сохтмон воқеъ дар хиёбон Зафар дар шимоли Теҳрон ин сохтмон резиш кард ва коргароне, ки дар он машғули кор буданд, зери хоку санг монданд.

Бино ба гузориши сухангӯи созмони оташнишонии Теҳрон дар пайи ин ҳодиса маъмурони имдод ва наҷот ба маҳал эъзом шуданд ва субҳи рӯзи ҷумъа пас дар 9 соати талоши имдодгарон аввалин ҷасад аз зери шикастапораҳо берун оврада шуд. Вай гуфтааст, ки дар соати баъд ҷасади ду коргари дигар низ пайдо ва берун оварда шуд.

Хабаргузории  ISNA мегӯяд ин як сохтмони қадимии сеошёна буд ва ҳангоми кори коргарон дар тахриби бахши ҷанубии он вай ногаҳон фурӯ рафт ва онҳо ҳамагӣ зери тӯдаи шикастапораҳо монданд.

Сухангӯи созмони оташнишонӣ гуфтааст, ки дар ин бахши сохтмон танҳо ҳамин се нафар машғули кор буданд, аммо барои эҳтимол ҷустуҷӯ то дергоҳ идома кардааст, ҳарчанд ҷасади каси дигаре ёфт нашудааст.

Бахши тафтишот ҳоло бо оғози як праванда ҷузъиёти ин резиши ногаҳониро таҳлилу ташхис мекунад.  

барчасп: