Ба дунболи идомаи талошҳо барои пешгирӣ аз тахриби бештари садд дар шаҳри Дербишир воқеъ дар қалби Британияи Кабир созмони ҳавошиносии ин кишвар аз бориши боронҳои шадид ва эҳтимоли омадани сел ҳушдор додааст. Бо вуҷуди он ки мақомот барои наҷоти садд аз тахриб чораҳои зиёд андешидаанд, вале вайронии он дар сатҳи буҳронӣ қарор дорад.
Дар ҳоли ҳозир гурӯҳҳои оташнишонӣ ҳар соат дар ҳоли хориҷ кардани 4 миллиону 200 ҳазор литр об аз махзани ин садд ҳастанд.
Вазири муҳити зисти Британияи Кабир гуфтааст, ки “мо ба дунболи роҳи ҳалҳои ҷадиде барои афзошиши мизони обе ҳастем, ки битавонем аз ин садд хориҷ созем”.
Шаби шанбе ба як нафар аз ҳазор хонаводаи сокини ин шаҳр иҷозат дода шуд то барои ҷамъоварии василаҳои зарурӣ ва ҳайвоноти хонагишон ба муддати ҳамагӣ 15 дақиқа ба хонаҳояшон ворид шаванд. Хабаргузориҳо навиштаанд, ки ҳанӯз маълум нест, ки хонаводаҳои ин шаҳр кай метавонанд ба таври ҳамешагӣ ба хонаҳои худ баргарданд.
Борис Ҷонсон-Нахуствазири Британияи Кабир рӯзи гузашта аз маҳалли офат дидор кард ва ваъдаи бозсозии асосии садди ин шаҳрро додааст.
Гуфта мешавад, ки ин садд дар соли 1921 милодӣ сохта шуда буд ва дарёчаи пушти он гунҷоиши 300 миллион литр обро дорад.