Ҳазору яксаду панҷ хонандаи сомонаи мо дар рӯзи гузашта

Рӯзи гузашта сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ҳазору 105 бинанда дошт. Ҳавои номусоид ва боронҳои пуршиддат истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро водор кардаанд, ки ба сомнаи мо рӯ оранд ва тозатарин ахбор дар мавриди вазъи кишвар дар ин рӯзҳои пурборишро аз хабарҳои мо бихонанд. Хуш омадед!

Як расолати сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда расонидани иттилоъи дақиқ ва саривақтӣ дар бораи вазъи кишвар дар ҳама ҳолатҳо бо ду забон аст: тоҷикӣ ва русӣ. Ин иттилоъ хеле дақиқ ва расмист, чун м о баъди таҳлилу таҳқиқи вазъ менависем ва манбаъҳои мо касоне ҳастанд, ки аз корм андони моянд ва он ҷо ҳузур доранд. Такя ба манбаъи дақиқ ҳар гуна сӯитафоҳумҳоро рафъ мекунад.

Ва дар борон мо аз хатари борон мегӯему аз резиши  сангу лағзиши тарма, омадани селу ронииши эҳтимолии замин. Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми омадани сел: чӣ бояд кард?
Боронҳои пуршиддат дар кишвар: Чӣ бояд кард, то дар гирдоби сел намонем?
Дар барф мо аз яхбандиҳои саросарӣ дар роҳҳо ҳушдор медиҳем. Бахусус ба ронандагон муроҷиат мекунем, ки хеле эҳтиёткор бошанд, суръатро боло набаранд, ҷони худ ва ҷони ҳамсафаронашонро дар хабар нагузоранд. Ва лутфан бубинед, мо аз хатари гургҳои гурусна дар фасли сармо на ин ки ҳушдор медиҳем, балки менависем, ки чӣ гуна шумо бояд худро аз ин гуна ҳамлаҳо ҳифозат кунед?
Аз ҳамлаи гургон чӣ гуна метавон наҷот ёфт?
Дар гармо мо аз нафаси гарми тобистон мегӯем ҳушдор медиҳем ба касоне, ки аз гармиҳои шадид дар шаҳрҳо дилгиру нафасгир мешаванд ва худро ба соҳили рӯдхонаҳо, ҳавзҳои оббозӣ, каналҳо, кӯлу баҳрҳо ва обанборҳо мезананд. Ҳақ доранд. Вале ин ҷо низ қоидаҳои бехтариро риоя кунанд. Бахусус қоидаҳои бехтараӣ ҳангоми оббозӣ.
Қоидаҳои бехатарӣ дар мавсими оббозӣ
Мо аз ғарқ шуданҳо ҳушдор медиҳем, зеро медонем ва мебинем, ки бо вуҷуди он ки мегӯему менавис ем, боз ҳам беэҳтиётӣ мекунанд. Мо дар гармо чиҳо менависем? Мунтазир бошед, вақте ҳаво гарм шуду соҳилҳо рафтед, ба сомнаи мо рӯ оварданро фаромӯш накунед, он вақт хоҳед хонд, ки мо чӣ мегӯем. Аммо ҳоло бинед, мо аз борон чӣ менависем? Аз сел чӣ мегӯем? Аз лағзиши тармаву резиши санг чиҳо менависем. Бинеду бихонед, ки рониши замин, ярч, заминларзаи ногаҳонӣ дар чунин рӯзҳои пурбориш яъне чист? Дар жолаву раъду барқ чӣ?
ДИҚҚАТ: Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми раъду барқ, селу жола
Оре, бо ин сомона будан шумо аз ҳар гуна хатарҳо огоҳ мешавед, чизеро бой намедиҳед, вале донистаҳои худро ғанӣ месозед. Хеле қоидаҳои бехатарӣ ҳастанд, ки шумо намедонед. Ҳамин борони пуршиддату раъду барқ ва бодҳои сахт даҳҳо қоидаҳое доранд, ки риояи онҳо амнияти шуморо таъмин мекунанд.

Пас ба сафи ҳамин 1105 нафари дирӯз бипайвандед. Бубинед мо чӣ мегӯему чӣ менависем.

барчасп: