Шоми гузашта, 24-уми апрел тахминан соати 20:57 дар наздики хонаҳои кӯчаи Айнӣ 50/51 ва Аҳмади Дониш 19 шаҳри Душанбе қубури интиқоли об ба сокинони маҳал таркид. Барои бартарф кардани оқибати ин рӯйдоди нохӯш ба ҷойи ҳодиса кормандони идораи обу корези шаҳри Душанбе, “Барқи тоҷик” ва наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъи Раёсати шаҳри Душанбе расиданд.
Тахмин меравад, ки сабаби ин таркиш ҷамъ шудани об дар дохили чоҳи амудӣ бошад. Мутахассисон алҳол бар ин назаранд, ки оби пуршуда сабабгори он шудааст, ки дар ноқилҳои баландшиддати барқ, ки аз зери замин мегузаштанд, расиши кӯтоҳ ба амал омада, дар натиҷа таркиш рух додааст.
Дар натиҷаи таркиш ҳудудан 5 метр роҳи пиёдагард хароб шуд. Хушбахтона аз инфиҷор касе осеб надид.
Вазорати корҳои дохилии кишвар инро ҳодисаи нохӯш номид.