Дар як шабонарӯз боронҳои шадид чандин фоҷеа оварданд. Ронандаи чиҳилсолае, ки аз Душанбе ба Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат буд, бар асари резиши санг ҷон бохт. Дар Файзобод сели азим ду нафарро, ки саргарми чаронидани чорво буданд, ба коми худ кашид. Дар манотиқи гуногуни мамлакат ҳудудан 6 ҳазор сокинон аз рустоҳои осебпазир ба маконҳои амн кӯчонида шуданд. Резиши санг муддате роҳҳоро масдуд кард, вале ҳоло ин роҳҳо поккорӣ шудаву ҳаракати нақлиёт аз сар гирифта шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошад. Ҳамчунин ба чӯпонҳо муроҷиат мекунад, ки бошишгоҳҳои худро аз соҳили рӯдхонаҳо ва маконҳои селхез барчинанд.
Шабонарӯзи гузашта мавҷи селҳои азим сабабгори резиши санг дар қитъаҳои гуногуни роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ шуд. Дар натиҷа дар километри 155-уми ин роҳ бар асари резиши санг ронандаи 40-солаи мошини тамғаи “Тайота прадо”, ки ба самти Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат буд, ба ҳалокат расид. Дастаи зудамали наҷотдиҳандагони Кумита дар водии Зарафшон ҷасади ронандаро фаврӣ аз дохили мошини зери сангрезиш монда берун овард.
Ҳамчунин резиши санг дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Дарвоз, Душанбе-Рашт-Лахш, қаламрави Масчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст. Дар айни замон ин роҳҳо поккорӣ шуда, ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шудаанд, вале хавфи резиши санг боқӣ мондааст.
Мутассифона, бар асари риоя накардани тавсияҳо ва хабарҳо дар мавриди он ки дар чунин рӯзҳо бояд аз корҳои саҳро худдорӣ намуд ва чаронидани чорво дар доманакӯҳҳову даштҳо ва бахусус манотиқи хатарзоро маҳдуд кард, одамон қурбон шуданд. Ҳангоми чаронидани чорво дар қаламрави ҷамоати Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод сокинони 54 ва 14-солаи ин русто ба ҳалокат расиданд. Ҷасади аввалӣ пайдо шудаву ҷустуҷӯи ҷасади дуюмӣ, писарбачаи ноболиғ идома дорад.
Бо мақсади ҳифзи ҳаёти одамон ва коҳиши хатари офатҳо бо қарори Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Рӯдакӣ аҳолии 5 деҳа дар ҷамоати ба номи Мирзо Турсунзода ва ду русто дар ҷамоаи Зайнабобод ба маҳалҳои амн кӯчонида шуданд. Ҳамчунин бо қарори комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳрии шаҳри Ҳисор 60 хонавода аз минтақаи хатарзои деҳаи Куҳнабойи ҷамоати Ҳисор кӯчонида шуданд. Дар маҷмуъ зарфи як шабонарӯз наздик ба 6 ҳазор нафар ба маконҳои амн интиқол ёфтанд.
Барои гузаронидани мониторинг дар қитъаҳои хатарнок гурӯҳи фаврии КҲФ эъзом гардид.
Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар дар қаламрави мамлакат то охири моҳи апрел ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Бар асари ин обу ҳавои номусоид об шудани барфҳо дар кӯҳҳо ва сарозер шудани оби зиёд ба водиҳо сабабгори якбора боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо мешавад. Ҳамчунин об шудани барфҳо метавонад хоки теппаҳоро нарм созад ва сабабгори лағжиши замин дар баъзе манотиқ гардад. Аз сӯйи дигар боришоти шадид хатари лағзиши тарма, омадани сел ва резиши сангро бештар мекунад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад чораҳои бехатариро риоя кунанд, аз рафтан ба кӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, занбӯруғ ва дигар рустаниҳои шифоовар худдорӣ варзанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин ба чӯпонҳо муроҷиат мекунад, ки чарогоҳҳои худро аз соҳили рӯдхонаҳо ва маконҳои селхез барчинанд.
Ҳангоми убур аз хатҳои интиқоли барқ эҳтиёт намоед. Бо мақсади пешгирӣ зери об мондани кӯчаҳо ва хонаҳо, КҲФ аз аҳолӣ ва хадамоти коммуналии мамлакат хоҳиш мекунад ҳамаи ҷӯйборҳо, каналҳо, ки аз наздикии хонаҳо мегузаранд, тоза кунанд.