Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон семинар оид ба бехатарии аҳолии вилоят ва меҳмонон, бахусус сайёҳони хориҷӣ бо мақсади танзими фаъолиятҳои сайёҳӣ, мусоидат ва ҳамоҳангсозӣ дар самти таъмини бехатарии сайёҳон гузаронида шуд.
Дар вохурӣ бо намояндагони ширкатҳои сайёҳии вилояти Хатлон сардори Раёсат дар мавриди таҳкими ҳамкориҳои минбадаи сайёҳӣ бо Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон суханронӣ намуд.
Дар охир намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ бо таҷҳитзот ва лавозимоти наҷотдиҳии Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон аз наздик шинос шуданд.