Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар мактаб

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар муассисаи таълимоти миёнаи рақами 10 шаҳри Кӯлоб Рӯзи мудофиаи гражданӣ гузарониданд.

Дар доираи барномаи ин рӯз барои хонандагон дарсҳои назариявиву амалии бехатарӣ дар мавзӯъи интиқоли одамон аз минтақаи офатзада ба макони амн ҳангоми ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ гузаронида шуд. 

Дар ин чорабиниҳо ҳамаи хонандагони мактаби номбурда ширкат карданд.

Ғайр аз ин наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъи минтақаи Кӯлоб дар назди хонандагон усулҳои расонидани аввалин ёрии тиббӣ ба зарардидагонро тамрин карданд.

Хонандагон ҳамчунин бо техникаи наҷоте, ки воҳиди вокуниши сареъи минтақаи Кӯлоб дар ихтиёр дорад, ошно карда шуданд.

барчасп: