19-уми апрели соли 2019 дар доираи рушди ҳамкориҳои минбаъдаи байналмилалӣ миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Раёсати Комиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи ҳамкориҳои муштарак барои соли 2019 имзо шуд.
Ин ҳуҷҷат аз ҷониби Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Намояндагии Раёсати Комиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вито Трани имзо гардид.
Санади имзошуда имкон медиҳад ҳамкориҳо дар самти таъмини омодагиҳо дар ҳолатҳои фавқулодда ва вокунишҳо, коҳиши хатари офатҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим густариш ва таҳким ёбад.
Тибқи ин нақша ҷонибҳо дар оянда низ ба ҳамкориҳои дуҷониба таҳким мебахшанд, дар сохтани механизмҳо ва системаҳои пешрафта бо мақсади тақвияти тавонмандиҳо ва зарфиятҳои давлатӣ дар омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд ба мавҷи паноҳандагон дар Тоҷикистон, ҳамчунин омӯзиш ва бозомӯзии кормандони хадамоти наҷот барои ин ҳолатҳо талош хоҳанд кард.