Боронҳои баҳории пуршиддат дар аксар минтақаҳои кӯҳии мамлакат ва ҳатто дар водиҳо сабаби омдани ногаҳонии сел мешаванд. Аллакай Тоҷикистон борҳо ин офати азимро таҷриба кардааст ва дар баъзе мавридҳо омадани сел сабабгори расидани хисорат ба хоҷагиҳои давлативу хусусӣ шудааст ва дар ҳолатҳое инсонҳо ҷон бохтаанд. Маъмулан сел ногаҳонӣ меояд, дар аксар мавридҳое, ки талафоти ҷониву молӣ меорад, шабонгаҳ дар бехабарии одамон ҷорӣ шудани сел аст. Аз ин рӯ дар рӯзҳое, ки ҳаво абристу боронӣ сокинони минтақаҳои селроҳаву хатарзо бояд беш аз дигарон эҳтиёткор бошанд.
Қоидаҳои маъмулие низ ҳастанд, ки риояи онҳо хатари офатҳоро камтар мекунанд, коҳиш медиҳанд. Дар зер чанде аз ин қоидаҳоро меорем.
- Барои огоҳӣ ва иттилои бештар аз вазъи ҳаво, боришоти шадид, селҳои эҳтимоливу тармаву ярч ба манбаъҳои иттилоотӣ, аз ҷумла барномаҳои радиову телевизион, сомонаҳои вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯ намоед. Сари чанд вақт ба ахбори ҳавошиносон ошно шавед. Маъмулан сомонаи КҲФ ҳамарӯза аз хатарҳои эҳтимолӣ ҳушдор медиҳад.
- Аз ҷӯйборҳо, каналҳои пуроб, ки ба зоҳир ором ҳастанд, дур шавед, зеро ба таври ногаҳонӣ ва ҳушдор боиси эҷоди сел мешаванд.
- Дар оби сел дар ҳоли ҷараён ва ҳаракат роҳ наравед, суръати он мумкин аст боиси барҳам хурдани тавозун ва афтодани ногаҳонии шумо дар оби олуда бо лой шавад.
- Ба оби сел ҳаргиз ворид нашавед. Эҳтимол дорад ин сел хати неруи барқро шикаста бошад ва оби сел дорои ҷараёни барқ мешавад, ки барои инсон кушанда аст.
- Дар маҳалле, ки сел сарозер шудааст, наистед, ҳарчанд ҳаво боронӣ ҳам набошад, шумо басуръат аз минтақа дур шавед.
- Агар барои берун омадан аз минтақа ночор ба гузаштан аз оби селоб ҳастед, барои ҳифзи мувозинати худ ва баррасии умқи замин бо кумаки як чӯбдасте ё асо дар оби сел ҳаракат кунед.
- Барои ҳифзи эминии худ ҳангоми омадани сел аз пулҳои чӯбии суст бар рӯи рӯдхонаву ҷӯйборҳо нагузаред.
- Дар замони бориши шадиди борон ва эҳтимоли воқеъ шудани сел аз арзу соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, ҷӯйборҳо ва пулҳои он убур накунед ва ба зудиву басуръат минтақаи хатарро тарк намоед.
- Агар эҳтимоли ногаҳон омадани сел вуҷуд дорад ва манзили шумо дар сари роҳи сел аст, хеле ба зудӣ муваққатан ба минтақаи амн кӯч бандед.
- Ҳаргиз вориди селоб нашавед, зеро оби сел ҳар гуна олудагиҳо дорад, ки бархе метавонанд заҳрогин ҳам бошанд.
Барои дарёфти маълумоти боз ҳам муфассалтар ва қоидаҳои дигари бехтарӣ ба мақола ҳам лутфан таваҷҷуҳ фармоед:
http://www.khf.tj/node/687