Ҷустуҷӯи раҳгумзада дар кӯҳ

Шахси раҳгумзада дар кӯҳистонро ҳангоми лағзишу тарма, рониши замин, сели азим ва заминларза чӣ гуна бояд ҷуст? Ин мавзуъе буд, ки кормандони воҳиди вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Хатлон тамрин карданд.

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон маҳорату малакаҳои худро такмил медиҳанд. Гарави аслии роҳандозии корҳои садамавиву наҷот ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи гуногун интихоби ҷидӣ бо сифатҳои ахлоқиву равонӣ, ҷисмонӣ ва сатҳи маълумот ва омодагии наҷотдиҳандагон мебошад.

 Бо мақсади баланд бардоштани самароварӣ ва коҳиши вақти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсу машғулиятҳои амаливу назариявӣ мегузаронанд. 

Воҳиди вокуниши сареъи КҲФ дар вилояти Хатлон дар ҷараёни тамринҳои навбатии худ дар маҳалли кӯҳистон ҷустуҷӯи шахси раҳгумзада дар куҳ ҳангоми лағзиши тарма, омадани сер, ярч ва ё ҳодисаҳои нохӯши ронандагиро машқ карданд. 

Роҳандозии ин гуна тамринҳо малакаҳои наҷотдиҳандагонро боло мебарад.

барчасп: