5 – уми апрели соли 2019 дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳри Бишкек аввалин ҷаласаи муштараки коллегияи идораҳои наҷоти се кишвари ҳамсоя – Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд. Дар ин нишаст ҳайати Тоҷикистон бо сарварии генерал-лейтенант Рустам Назарзода – Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражднаии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуд.
Да ин ҷаласа масъалаҳои зиёди ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳо мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд. Маърӯзаҳо шунида шуданд, рӯнамоии корҳои анҷомшуда зарфи чанд соли охир баргузор гардиданд, камбудиҳо дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаву сеҷониба ошкор ва барои рафъи онҳо ва беҳбуди ҳамоҳангсозиҳои муштарак пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.
Аз ҷумла, ҷонибҳо зикр карданд, ки барои такмили ҳамкориҳо зарфияту тавонмандиҳои зиёди истифоданашуда мавҷуданд. Чунончӣ, ба нокифоя будани ҳамоҳангсозиҳо дар амалҳои муштарак ҳангоми ҳолатҳои фавқулода таъкид гардид ва ин талаб мекунад, ки корҳо дар самти табодули маълумот ва роҳандозии тамринҳои якҷоя ҷоннок карда шаванд.
Ҳайати Тоҷикистон дар ин ҳамоиш корҳои анҷомшуда ва гузинаҳои пешниҳодии ҳалли масъалаҳо дар иртибот ба ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадиро рӯнамоӣ кард.
Аз рӯйи ҷамъбасти кори коллегия Протоколи аввалин ҷаласаи муштараки идораҳои наҷоти се кишвар имзо гардид, ки дар он ҷонибҳо ба идомаи ҳамкориҳои наздисарҳадӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи наздимарзӣ, роҳандозии тамринҳои муштарак, табодули маълуот миёни ду ниҳод дар ноҳияҳои наздимарзӣ таъкид намуданд.
Ҷаласаи навбатии колегияи муштарак қарор аст соли 2021 дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шавад.