Ҳалокати 19 корманди марбут ба СММ дар садамаи ҳавопаймо дар Эфиопия

Тибқи иттилои ҳанӯз комилан тайидношуда 19 корманди ниҳодҳои марбут ба Созмони Милали Муттаҳид дар садмаи ҳавопаймои Боинг 737 дар Эфиопия ба ҳалокат расиданд. Дар хабар гуфта мешавад, ки садмаи маргбор ҷони 157 нафар мусофирон ва сарнишинони ин ҳавопайморо рабуд. Дар ин бора рӯзи якшанбе Созмони байналмилалии муҳоҷират истинодан ба манбаъҳои худ хабар дод.

«Бар асоси иттилооти аввалия 19 намояндагони ниҳодҳои марбут ба СММ дар ин садама кушта шуданд”,-омадааст дар хабаре, ки ахиран дар сомонаи ин ташкилот интишор ёфтааст.

Ин яке аз калонтарин ва пурқурбонитарин садмаи ҳавопаймо дар Эфиопия буд, ки 157 нафар бар асари он ба ҳалокат расиданд. Дар миёни ҳалокшудагон шаҳрвандони Русия низ будаанд.

Дар ҳамин ҳол давлати Канада эълон кард, ки дар 18 нафар қурбониёни ин садамаи маргбор шаҳрвандони ин кишвар будаанд.  Частин Трюдо, сарвазири Канада ба ахли хонаводаҳои кушташудагон ва мардуми кишвар таслият изҳор кардааст.

Гуфта мешавад, ки ҳавопаймои Боинг 737 марбут ба ширкати ҳавопаймоии Ethiopian Airlines рӯзи якшанбе  аз Аддис-Абеба ба Найроби парвоз кард ва дар 60 километрии ҷанубу ғарби пойтахти Эфиопия, дар ноҳияи Бишофт сарнагун шуд. 

Сабаби аслии суқути ҳавопаймо маълум нест, давлати Эфиопия ҳоло расман дар ин бора изҳори назар накардааст.

 Рӯзи 11 – уми март дар Эфиопия рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст.

 

 

Теги:

барчасп: