Фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани самаранокии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ

Ҳама сола дар ҷаҳон 1 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии мудофиаи гражданӣ таҷлил карда мешавад. Ба зиммаи Кумита таъмини иҷрои вазифаҳои сиёсати давлатӣ, танзими меъёрӣ-ҳуқуқӣ, таъмини хизмати давлатӣ ва идораи амволи давлатӣ дар соҳаи идоракунии ҲФ ва МГ, роҳбарии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи омодасозӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои он вогузор гардидааст. Илова бар ин, Кумита ҳамоҳангсози маҷмӯи тадбирҳои умумидавлатӣ, ҳуқуқӣ, мудофиавӣ ва дигар чорабиниҳое, ки ба ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои офатҳои табиӣ, техногенӣ ва хусусиятҳои ҳарбидоштаи замони осоишта ва давраи ҷангӣ мебошад.

Дар шароитҳои муосир кафили таъмини бехатарии ҷамъият ва давлат, ҳифзи аҳолӣ, ҳудуд ва иншоотҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, ин ташкили омӯзиши аҳолӣ, омодасозии шахсони мансабдори мақомоти идора ва нерӯҳои ғайриҳарбиии мудофиаи гражданӣ барои амал дар ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва давраи ҷангӣмебошад.

Мудофиаи гражданӣ – маҷмӯи чорабиниҳо оид ба омодасозӣ ва ҳифзи аҳолӣ, арзишҳои моддию фарҳангӣ аз хатарҳо, ки бар асари амалиётҳои ҳарбӣ ва ё оқибатҳои онҳо, инчунин ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ ба амал меоянд. Ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, қисми таркибии сохтмони мудофиавӣ, таъмини бехатарии давлат ба шумор меравад.

Мудофиаи гражданӣ (минбаъд МГ) яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, қисми таркибии сохтмони мудофиа ва таъмини амнияти аҳолии мамлакат мебошад. Роҳбарии умумии МГ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Роҳбарии МГ дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо аз ҷониби роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки ҳамзамон сардорони МГ мебошанд, таъмин карда мешаванд.

Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Айни замон, дар мамлакат заминаи кофии самарабахши қонунгузорӣ ва танзимкунандаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ таъсис дода шудааст. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ» ва «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон» қабул карда шудааст. Ҳифзи аҳолӣ тавассути омодасозӣ ва истифодабарии қувва ва воситаҳои муосир ва технологияҳои пешрафта ҳифз карда мешавад. Илова бар ин, вазифаи муҳимтарини МГ устуворгардонии фаъолияти иншоотҳои иқтисодӣ мебошад. Барои кам кардани талафоти аҳолӣ ва зарари моддӣ ба иқтисодиёт низоми мураттаби давлатӣ фаъолият менамояд.

Таҳлили таҳдидҳои мавҷуда ва мушкилоти ҷойдошта, ки дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ҷой доранд, дар маҷмуъ бо далелҳо ва омилҳои марбут ба ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, техногенӣ ва хусусияти низомидошта, мушаххасан талаб менамоянд, ки аҳолӣ ва ҳама сатҳҳои идора барои амал дар ҲФ хусусиятҳои гуногундошта омода бошанд.     

Соли 2018 аз ҷониби Сардори мудофиаи гражданӣ - Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2018 тасдиқ карда шуд.    

Омодасозии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ-сардории вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иншоотњои иќтисодї, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна, соли 2018 дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи таълимӣ дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ методӣ, инчунин дар Марказҳои таълимӣ ва методии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон гузаронида шуд.

Дар маҷмуъ, дар ҷумҳурӣ соли хониши 2018 аз курсҳои омӯзишӣ ва бозомӯзии марказҳои таълимӣ-методии Кумита 6833 нафар шунавандагон аз ҳисоби шахсони мансабдори мақомоти идоракунанда, ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ-сардорӣ, инчунин кормандон ва хизматчиёни иншоотҳои иқтисодӣ гузаштанд.


Диаграммаи омодасозии аҳолӣ оид ба МГ

Чун анъана, марҳилаи ниҳоии ҳамаи барномаҳои таълимӣ ва курсҳои омӯзишӣ гузаронидани машқҳое мебошад, ки дар ҳама вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо гузаронида шуда, дар маљмуъ омодагии қувва ва воситаҳои мақомот дар самти МГ баҳо дода мешавад.

Соли 2018 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 465 машқҳои гуногун оид ба масъалаҳои МГ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ба нақша гирифта ва гузаронида шуданд, ки аз онњҳо 2 машқи мукаммали МГ ва 7 машқи мукаммали зернизоми ҳудудии вазифавии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҲФ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуданд.

Бо ҷалби воҳидҳои кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумита 61 машқи фармондеҳӣ ситодӣ бо ҳайати фармондеҳӣ- сардории иншоотҳои иқтисодӣ, 113 машқи тактикии махсус бо хадамоти мудофиаи гражданӣ ва нерӯҳои ғайриҳарбӣ, 102 машқҳои ситодӣ бо ҳайати роҳбарикунандаи МГ ва 170 машқҳои намунавӣ дар муассисаҳои таълимоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуданд.

Дар чорабиниҳои мазкур роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки аъзои Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда мебошанд ва инчунин нерӯҳои ғайриҳарбии иншоотҳои иқтисодӣ ва аҳолӣ ҷалб карда шуданд. Дар чорабиниҳои самти МГ, дар маҷмуъ 146675 нафар иштирок намуданд.

Соли 2018 бори аввал дар ҷумҳурӣ машқи мукаммали идоравӣ бо Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳо ҳангоми боришоти шадид ва селҳо» гузаронида шуд. Дар машқ масъулини Комиссияи ҲФ, роҳбарони зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои ҲФ иштирок намуданд.

Ҳамзамон, нақшаҳои соҳавӣ барои ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда, пешгӯӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин масъалаҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ ба тасҳеҳ дароварда шуданд.

Дар доираи созишномаҳои байналмиллалӣ бо Комиссари олии СММ оид ба масъалаҳои гурезагон, моҳи апрели соли 2018, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, машқи амалии байниидоравии саҳроӣ, оид ба эътино ба ҳолатҳои фавқулоддаи вобаста ба убури оммавии гурезагон аз Афғонистон гузаронида шуд.

Дар машқ намояндагони вазорату идораҳо, қувваҳо ва воситаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ва ноњияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон оид ба мудофиаи гражданӣ, зернизоми Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва ташкилотњои байналмилалӣ ҷалб карда шуданд.

Соли 2018 бо мақсади муайян намудани сатҳи омодагии мақомотҳои идора ба ҳолатҳои фавқулодда аз ҷониби мутахассисони Кумита 4 санҷиши мукаммали вазорату идораҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

Бо ҳамин мақсад дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 10 санҷиши мукаммал оид ба таҳлили ҳолати омодагии қувва ва воситаҳои мақомоти иҷроияи вилоятҳо, шаҳрҳо ва минтақаҳо оид ба мудофиаи гражданӣ ва зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҲФ гузаронида шуданд.

Бо мақсади эътинои саривақтӣ ва иҷрои вазифаҳо оид ба рафъи оқибатҳои ҲФ, инчунин ҳамоҳангсозии амалҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар доираи Лоиҳаи Фонди Трастии Федератсияи Россия «Мустаҳакамсозии иқтидори омодагӣ ва эътино», дар соли 2018 бо мақомоти идораи Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Машқи фармондеҳӣ-ситодӣ  гузаронида шуд.

Чорабинии мазкур аз тарафи мутахассисони Институти илмӣ- тадқиқотии мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Россия ташкил ва гузаронида шуд. Дар машқ намояндагони вазорату идораҳои аъзои Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҳамчунин, ҳангоми баррасии масъалаҳои ташкил ва татбиқи чорабиниҳои афзалиятнок оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи хусусиятҳои табиӣ ва техногенидошта, роҳбарияти Кумита, роҳбарони сохторҳои дахлдори Дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалии башардӯстона ва донор фаъолона ширкат варзиданд.

Дар рафти машқ, намояндагони вазорату идораҳои аъзои Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда бо дастгирии кормандони Кумита дар ҷойҳо ба  саволҳои тибқи уҳдадориҳо гузошташуда ҷавоб дода, ҳамзамон малакаҳои заруриро ба даст оварданд.