КҲФ: Мулоқоти роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Чоп шуд: 29/01/2026 | redaktor
27 январи соли 2026 мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ботир Қудратхоҷаев баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, коҳиш додани хавфҳои офатҳои табиӣ ва техногенӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи омодагии сохторҳои марбута мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

