Activities calendar

20 январи 2026

КҲФ: Дар Тоҷикистон бориши шадиди барф дар назар аст

Тибқи маълумоти Хадамоти обуҳавошиносӣ, рӯзи 22 январ дар шаҳри Душанбе ва аксари минтақаҳои кишвар бориши шадиди барф пешбинӣ мешавад.

Дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтимоли фаромадани тарма, яхбандӣ, ҷамъшавии барф ва якбора паст шудани сатҳи биниш вуҷуд дорад.

КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  ба шаҳрвандон тавсия медиҳад:

Ҳангоми истифодаи ангишт қоидаҳои зеринро риоя кунед.

Ҷойи дурустро интихоб кунед. Ангиштро танҳо дар ҷойи хуб ҳавогузар истифода баред. Дар утоқи пӯшида ё таҳхона ҳеҷ гоҳ ангишт насӯзонед, зеро ҷамъ шудани газҳои хатарнок мумкин аст.

Аз гази заҳролуд эҳтиёт шавед. Ангишт ҳангоми сӯхтан гази карбон (CO) мебарорад, ки бӯй надорад, вале бисёр хатарнок аст. Агар сардард, чарх задани сар ё дилбеҳузурӣ пайдо шавад, фавран ба ҳавои тоза барое

КҲФ: Мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо намояндаи доимии БР СММ дар Тоҷикистон

20 январи соли 2026 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Судипто Мукерҷӣ мулоқот анҷом доданд.

Дар мулоқот аз ҷониби Кумита сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ полковник Саидиён Насриддин ва аз ҷониби  Барномаи рушди СММ муовини намояндаи доимӣ Лазима Онта Бхата, намояндаи барномавӣ Умед Вахобов ва менеҷери лоиҳаҳо Чамила Мирсаидова иштирок намуданд.