КҲФ: ДАР ҚАЛАМРАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЗАМИНЛАРЗА ЭҲСОС ГАРДИД
Чоп шуд: 19/01/2026 | redaktor
Имрӯз, 19 январи соли 2026, соати 11:21 бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза эҳсос гардид.
Тибқи маълумоти Хадамоти геофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Покистон, дар масофаи 526 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 259 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Хоруғ ҷойгир шудааст.

