27 январи соли 2026 мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ботир Қудратхоҷаев баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, коҳиш додани хавфҳои офатҳои табиӣ ва техногенӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи омодагии сохторҳои марбута мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар солҳои охир густариш ёфта, ҳамкории сохторҳои ҳолатҳои фавқулодаи ду кишвар низ ҳамчун ҷузъи муҳими таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи аҳолӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ аҳамияти махсус касб менамояд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рафти амалисозии Нақшаи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта шуд, ки татбиқи иқдомҳои муштарак ва таҳияи механизмҳои ҳамоҳангшудаи амал дар ҳолатҳои эҳтимолии фавқулодда ба баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ва самаранокии чораҳои пешгирикунанда мусоидат намуда, имконият медиҳад, ки дар ҳолати зарурӣ кӯмакрасонӣ ва ҳамкории фаврӣ байни сохторҳои марбута ба роҳ монда шавад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории созанда, густариши табодули таҷриба, тақвияти робитаҳои касбӣ байни мутахассисон, инчунин ташкили чорабиниҳои муштараки омӯзишӣ ва амалӣ таъкид намуданд.


