Covid-19: Шумори ҷонбохтагон дар олам аз 2 миллион нафар гузашт
Чоп шуд: 15/01/2021 | redaktor
Созмони ҷаҳонии тандурурстӣ субҳи имрӯз, 15 январ омори гирифторон ба коронавирус дар оламро 93 миллиону 546 ҳазору 327 нафар эълон кард. Танҳо шабонарӯзи гузашта ба ин ҷамъ боз 275 377 нафар пайвастанд. Аз аввали ҳамагирӣ дар саросари олам аз КОВИД-19 2 миллиону 2 ҳазору 668 нафар фавтиданд. Аз ин беморӣ то кунун 66 миллиону 846 ҳазору 792 нафар пурра муолиҷа шуданд.