июни 2017

Ҷаласаи тантанавии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе

23 –уми июни соли 2017 дар Ситоди душанбегии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Ҷаласа чун анъана бо Гимни Тоҷикистон оғоз шуд ва сардори ситоди ёдшуда  Р.Неъматов дар суханронии муқаддамотии худ ҳайати шахсиро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборбод кард.

Назари воҳид дар таҳкими ҳамкориҳо миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ

Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хостори таҳкими ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ шуданд.

23-уми июни соли 2017 мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати

Таътили бехатар дар истироҳатгоҳҳои бачагонаи дараи Варзоб

Кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе омодагӣ ва таъмини бехатарии атфол дар истироҳатгоҳҳои бачагонаи беҳдоштии “Орзу”, “Шарора”, “Зимчуруд” ва “Гулхан”-ро санҷиданд.

Таъмини бехтарии бачаҳо дар мавсими таътили тобистона яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои тӯфонӣ ҳушдор медиҳад

Боронҳои шадиди селосо, раъду барқ, вазиши шамоли пуршиддат бо суръати то 27 метр дар як сония баъзе манотиқи кишварро таҳдид мекунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 24  то 25-уми июни соли 2017 баъзе аз минтақаҳои кишварро

Баргузории ҷаласаи навбатии Гуруҳи арзёбиҳои сареъ ва ҳамоҳангсозӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда

Роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ дар мавриди таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти  ҳолатҳои фавқулодда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боло бурдани зарфиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда – чун мақоми ҳамоҳангсоз дар масъалаҳои ҳимояи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва қаламрави кишвар аз оқибатҳои офатҳои табиӣ ва фалокатҳои техногенӣ андешаи воҳид доштанд.

Чанд рӯйдоди олам

Мактабиён аз гармои шадид дар сардхона паноҳ бурданд. Заминларзаи бидуни хисорот дар жарфои Баҳри Сиёҳ. Ҳамаи ҷабрдидагони садамаи микроавтобус шаҳрвандони Озарбойҷон буданд.
Мактабиёни испониро аз гармо сардхона наҷот дод
Бар асарии гармии бесобиқа дар шаҳри Валдеморои Испаниё хонандагони яке аз мактабҳоро ба сардхонаи наздиктарин интиқол додаанд. Бино ба гузориши  нашрияи  El Pais

Наҷоти шаш кӯдаки ғарқи об дар як шабонарӯз

Шабонарӯзи гузашта кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш нафар кӯдакон ва наврасонро аз ғарқ шудан наҷот доданд.

Дар шабонарӯзи гузашта кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду амалиёти наҷотро муваффақона

Наҷоти шаҳрванди 22-солаи Қирғизистон дар ҳавзи оббозии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд

Ҷавони бистудусола, шаҳрванди Қирғизистон дар ҷойи мамнуъ шиноварӣ мекард ва чун дарунтар рафт, ҳисс кард, ки ғарқ мешавад.
Кормандони Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд ҷавонеро, ки дар ҳоли ғарқ шудан буд, наҷот доданд. Кормандони Кумита садо ва имои даъват ба наҷоти марди ношиносро мушоҳида карданд ва филҳол худро ба назди ӯ расонданд.

Гармо дар Хатлон. Ситоди ҳолатҳои фавқулодда вориди амал мешавад

Оббозӣ ҳам қоидаҳои худро дорад ва ҳар касе наметавонад, бояд аслан ҳаваси ворид шудан ба оби рӯдхонаву ҳавзҳои оббозиро надошта бошад.

Гармои шадиди тобистон зиндагиро дар шаҳрҳо ва рустоҳо ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад. Ҳарчанд дар ин минтақа гармо як ҳавои маъмулист ва одамон ҳамеша онро интизоранд, вале хабари болоравии ҳарорати ҳаво дар рӯзҳои 16-18-уми июн

Қоидаҳои бехатарӣ дар мавсими оббозӣ

Бо фарорасии мавсими гармии ҳаво оббозӣ ба яке аз шуғлҳои асосии аҳолӣ, махсусан наврасон ва ҷавонон табдил меёбад. Аммо донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад аз оқибатҳои ногувори онҳо ҷилавгирӣ намояд.

Чуноне муқаррар шудааст, оббозӣ танҳо барои одамони солим фоидабахш буда, пеш аз оббозӣ ҳатман бояд аз

Оташсӯзӣ дар бурҷи маскунии Лондан: бештар аз 50 нафар бистарӣ шуданд

Теъдоди зарардидагон дар сӯхтори бинои баландошёнаи шаҳри Лондани Британияи Кабир аз 50 тан гузашт. Хабаргузории Рейтер соатҳои аввали субҳ аз бистарӣ шудани каме бештар аз 30 нафар дар панҷ беморхонаи шаҳр хабар дода буд.

Оташсӯзӣ дар сохтмони бистучортабақа “Бурҷи гардани фил”, ки нимаи дуюми шаби чоршанбе чоршанбе оғоз шуд, муҷиби

Таваҷҷуҳ: Гармои шадид!

Аз 16 то 18-уми июн ҳавои беш аз 40 дараҷа гарм метавонад барфу пиряхҳоро об кунад ва дар манотиқи ҷудогона муҷиби омадани селу резиши санг дар роҳҳои куҳӣ шавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз 16 то 18-уми июни соли 2017 ҳавои ҷумҳурӣ гарм ва хушк боқӣ мемонад.

Страницы