Ахбори рӯз

КҲФ: Аз чор ғарқшудаи рӯзҳои гузашта се нафарашон тифлон буданд

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо ба аҳолӣ оид ба риояи қатъии қоидаҳои бехатарӣ дар назди обҳо, инчунин назорати доимии кӯдакон муроҷиат кардааст. Вале, мутаассифона, на хар кас ба тавсияҳо гӯш медихад ва  ин боис мешавад фоҷеа рух диҳад. Чунончӣ, рӯзҳои истироҳат чаҳор шаҳрванд дар обҳои кишвар ғарқ шуданд, ки се нафарашон кӯдакони хурдсол буданд!

Сел дар Мастчоҳи Кӯҳӣ

21 июли соли  2024 тахминан соати 18:00 бар асари борони кутоҳмуддат дар ҳудуди деҳаҳои Пит, Ғузн, Ревомут ва Рувоски ҷамоати деҳоти Инван-тоҷики ноҳия Мастчоҳи Кӯҳӣ сел омад.

Дар натиҷа лойоба ҷӯву заҳбурҳо, заминҳои кишоварзӣ, роҳҳои байни деҳаҳоро пур кард. Таҳхонаҳои се бинои истиқоматии сокинони деҳаи Пит ва атрофи он низ зери об мондааст.

Сел талафоти ҷониву харобии дигар надошт.

 Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия дар ҷойи ҳодиса кор мекунад.

КҲФ: Хатари омадани селҳо то 22 июл боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон то 22 июли соли 2024 дар ноҳияҳои алоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ, навоҳии вилояти Суғд ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, Кумита бори дигар ба аҳолии ...

Хабарҳои рӯзи гузашта

Заминларза дар кишвар, ҳалокати ду нафар дар як садамаи мошин ва пайдо шудани ҷасади марде, ки танҳо мезист

Бино ба маълумоти хадамоти Геофизикии Академия миллии илмҳои Тоҷикистон 18 июли соли 2024 соати 23:14 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Рӯзи гузашта дар куҷо чӣ рух дод?

17 июли соли 2024, тахминан соати 08:00-дақиқа, як сокини 52-солаи деҳаи Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ҳангоми рондани мотосикл дар деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Заркамар, ноҳияи Қубодиён ҳамроҳ бо наберааш идораи мошинро аз даст дода, аз шоҳроҳ берун ва ба канал сарозер шудааст. Дар натиҷаи садама набераи дусолааш дар об ғарқ шудааст.

Баъди дарёфти хабар дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса фиристода шуданд. Онҳо то фаро расидани торикӣ бо роҳандозии корҳои рӯиобиву зериобӣ ҷасадро ҷустанд, вале бенатиҷа.

Страницы