Ахбори рӯз

Оғози сардиҳои сол. Ҳушдор аз боронҳои пуршиддату селҳои эҳтимолӣ. Чӣ бояд кард? Силсилатавсияҳо. Бахши аввал

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони мамлакат мерасонад, ки рӯзҳои 8-9 ноябри соли равон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Дар қаламрави кишвар борон меборад (дар баландиҳо беш аз 2000 метр барф), дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ҳудуди вилояти Суғд борон пуршиддат меборад.

Паланги барфӣ дар Роштқалъа 14 сар чорвои хонагии як сокини деҳаи Намадроҷро куштааст. Ин чӣ ҷонварест ва чӣ бояд кард то шарри он эмин монд?

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ рӯзи 5 ноябри соли 2023, тахминан соати 07:46 дақиқа сардори Бахши Раёсати Кумита дар ноҳияи Роштқалъа ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар вилоят хабар дод, ки паланги барфӣ ба чорвои хонагии як сокини деҳаи Намадроҷи ҷамоати деҳоти Тусиён ҳамла кардааст.

Ҳушдори КҲФ аз ҳавои пурчанги рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои оянда дар қаламрави ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти хатлон ҳавои пурчангу хок дар назар дошта шудааст.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз аҳолӣ бо эҳтиром хоҳиш...

Мулоқоти генерал Назарзода бо ҳайати БОР

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода рӯзи 31-уми октябри соли равон ҳайати Бонки Осиёии Рушд (БОР) бо сарварии ҷаноби Малте Маас-Мутахассис оид ба тағйири иқлим ва Бранко Венерт – Мушовир оид ба рушди лоиҳаҳо дар Аврупо, Осиёи Марказӣ, кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолиро ба ҳузур

Идомаи мулоқот бо наваскарони даъвати тирамоҳӣ

Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак барои соли 2023 ва бо мақсади тарғиби арзишҳои миллию маънавӣ, тарбияи ватандӯстӣ роҳбарияти Сарраёсати Қӯшунҳо, Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, инчунин Шӯрои бонувони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриву сӯҳбатҳо бо наваскарони даъвати тирамоҳии қисми ҳарбии Кумита воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор кард.

Страницы