Рафъи паёмадҳои тасодуфи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе-Варзоб (Видео)

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи Душанбе-Варзоб паёмади чанд ҳодисаҳи нақлиётиро бартараф карданд.

Чунончӣ, 4-уми марти соли 2025 соати 17:00 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар роҳи Душанбе-Варзоб мошини боркаши тамғаи  «DAF-Trucks-NV» бо сабукрави тамғаи «Nissan» бархӯрд.

Ҳангоми ин тасодуфи нақлиётӣ дар дохили мошини «Nissan», ки аз шаҳри Хуҷанд ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, бо ронанда як нафари дигар низ менишаст. Боркаши «DAF-Trucks-NV» аз Душанбе ба самти Хуҷанд мерафт. Ин ҳодиса дар дохили як галареяи ҳифозатӣ аз тарма, ки дар километри 62-ум воқеъ мебошад, ба вуқуъ пайвастааст. 

Гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки дар километри 72-юми ин шоҳроҳ навбатдории шабонарӯзӣ доранд, дарҳол ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд. Баъди расидан ба ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагон ронанда ва мусофири мошини Ниссанро аз дохили мошини харобшуда берун оварданд.

Ронанда ва мусофир ҷароҳатҳои сабук бардоштанд. Наҷотдиҳандагон ба онҳо ёрии аввалия расонида, ба беморхонаи ноҳиявӣ интиқол ёфтанд. Мақомоти интизомӣ сабабҳои садамаро таҳқиқ мекунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ниҳоят эҳтиёткор бошанд ва тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, инчунин меъёри суръатро риоя кунанд.

барчасп: