Мулоқоти Раиси Кумита бо Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон

12 марти соли 2025 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Алимирзамин Аскеров вохӯрии арзи адаб анҷом дод.

Дар рафти вохурӣ масъалаҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ташкили давраҳои омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани малакаи тахассусии кормандони Кумита дар Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Озарбойҷон, омӯзиши шунавандагони Кумита дар Академияи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Озарбойҷон, инчунин омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самти дарсдиҳӣ бо усули замонавӣ/интерактивӣ баррасӣ карда шуданд.

Дар баробари ин зикр гардид, ки ҷонибҳо барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ҷиҳати рушди самти коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ тамоми қувва ва воситаҳои худро истифода бурда, барои боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳои мутақобила чораҳои зарурӣ меандешанд.

барчасп: