Ахбори рӯз

Ду ғарқшудаи рӯи 6-уми август, ки яке ҳамагӣ ду сол дошт

6-уми августи соли ҷорӣ ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсӣ, дар ҳавзи “Мехкарер” нафаре ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст.

Ба ҷойи ҳодиса ғаввосони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фиристода шуданд.

Дар натиҷаи роҳандозии амалиёти ҷустуҷӯву наҷот соати 18:36 дақиқа ҷасади ғарқшуда аз об берун оварда шуд.

Идомаи кумак ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кумак ба аҳолии зарардида аз  офатҳои табиӣ ва иҷрои фармоишҳои дахлдори Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода шуруъ аз 5 –уми августи соли 2024 ба оилаҳое, ки аз офатҳои табиӣ соли ҷорӣ пурра ва қисман  зарар дида буданд, аз ҳисоби захираҳои моддии давлатӣ маводи ғизоӣ, ҷиҳози рӯзғор ва масолеҳи сохтмонӣ равона карда шуд.

КҲФ: Хатари селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқист

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 6-7-уми августи соли равон бар асари болоравии ҳарорати ҳаво дар баъзе навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Ёриҳои навбатӣ ба аҳолии аз сел осебдидаи ноҳияҳои Восеъ ва Фархор

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо шарикони рушд ба монанди Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар ҶТ ба сокинони аз сел осебдида кумак расонданд.

Аз ҷумла ба 206 хонавода дар ноҳияи Фархор ва 19 оила дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон маҳсулоти хӯрокворӣ, ба ҳар оила 50-килоӣ орд, 2 литр равғани рустанӣ ва 5 кило нахуд расонда шуд. 

Ин кумакҳо дар шоҳидии Комиссияҳои ноҳиявии ҳолатҳои фавқулода ва кормандони масъули КҲФ ба ниёзмандон тақсим карда шуд.

Хабарҳои рӯзи гузашта

1 августи соли 2024 соати 10:00 дақиқа автомашинаи тамғаи «Toyota Corolla Fielder», ки аз ҷониби як марди 59-солаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Вахш идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз маркази вилоят ба самти ҷамоати деҳоти Ваҳдат чархаш шикастааст. Мошин, ки бо суръати баланд дар ҳоли ҳаракат буд, баъди ин ҳодиса аз роҳ паридаву ба канали канори роҳ сарозер шуд.

Хушбахтона, дар ин садама касе осеб надид.

Страницы