Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда то оғози мавсими боришоти баҳорӣ бо пешниҳоди шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар ноҳияи Сино рўзҳои 14 -15 марти соли 2025, дар ҳудуди маҳаллаву минтақаҳои ноҳия, машқи ғайринақшавӣ, дар мавзўӣ «Тоза намудани заҳбуру наҳрҳо (каналҳо) ва ҷўйбору обгузарҳо пеш аз мавсими бориштҳои шидиди борон» ташкил ва гузаронида шуд.
Дар машқи мазкур қувва ва воситаҳои зернизомҳои вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия, сохторҳои марбутаи шаҳрӣ, ки дар тавозунашон каналу селпартоҳои ҳудуди ноҳияи Сино қарор доранд, иштирок намуданд.
Дар натиҷа дохили каналҳои «Чортут 1» (қисмати хиёбони А. Ҷомӣ), «Шайнак» (қисмати минтақаи 32, кўчаҳои Ҷ. Расулов, Н. Ганҷавӣ) ба масофаи зиёда аз 500 метр аз лою гил ва партобҳои ҳархела тоза карда шуданд.
Инчунин дар рафти машқ масъулини сохторҳои коммуналии ноҳия, Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия, Шуъбаи коммуналӣ, Муассисаи давлатии фонди манзил ва дигар сохторҳои марбутаи ноҳия бо лавозимоту таҷҳизот ҷалб гардида, дохили ҷуйборҳои обгузари шаҳраку маҳаллаҳо ва канори роҳҳоро аз партобҳо тоза намуданд.
Дар маҷмўъ дар машқи гузаронидашуда зиёда 600 нафар ва 3 адад техникаи муҳандисӣ ва 9 адад техникаҳои гуногун ҷалб гардида иштирок намуданд.