Ахбори рӯз

Ҳушдори КҲФ аз эҳтимоли лағзиши тарма!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти ҳавошиносон, дар рӯзҳои наздик дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ лағзиши тарма эҳтимол дорад.

Дар робита ба ин, КҲФ ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки дар...

Наҷоти шахсе, ки дар лифти бинои бисёрошёна дармонда буд

24 декабри соли 2023  соати 15:48 бо телефони «112» ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг заданд, ки дар кӯчаи Алишери  Навоӣ, бинои 58/18 лифт вайрон шудаву марде дар он дармондааст.

Барои расонидани кумаки фаврӣ ба ҷойи ҳодиса дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фиристода шуданд.

Ҳалокати ду тифли як хонадон дар оби канал ва роннадаи 32-сола дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Дар деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ду тифли як хонадон, ки яке чор ва дуюмӣ ду сол дошт, дар оби канали деҳа ғарқ шудаву ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар дод.

Манбаъ сабаби ин ҳодисаро беназоратии волидон медонад.

Раёсати КҲФ дар Хатлон фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст кард

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст кард. Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ, ки рӯзе қабл доир шуда буд, муовини Раиси Кумита генерал-майор Сулаймон Исозода иштирок ва суханронӣ кард.

Дар ҷаласаи мазкур сардорони шуъбаҳо ва бахшҳои Раёсати Кумита дар вилояти...

Ду хабари рӯзи панҷшанбе, 21 декабр

Рӯзи 21 декабри соли равон соати соати 14:57 дақиқаи вақти маҳаллӣ  як сокини  ноҳияи Шоҳмансур кӯчаи Айнӣ,  бинои №50/51 ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дари даромадгоҳи асосии хонаи истиқоматиаш маҳкам шуда, дар дохили хона дар мондааст.

Страницы