11 марти соли 2025 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Алиризо Ҳақиқиён вохӯрии арзи адаб анҷом дод.
Дар рафти вохурӣ масъалаҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ташкили давраҳои омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани малакаи тахассусии кормандони Кумита, гузаронидани машқҳои муштарак бо ниҳодҳои наҷотдиҳандаи кишварҳо, ташкили анборҳои захиравӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти дарсдиҳӣ бо усули замонавӣ/интерактивӣ, омӯзиши таҷрибаи Эрон дар самти омода намудани ғаввосон, омӯзиши таҷрибаи Эрон дар самти истифодаи автомашинаҳои комплексӣ мобилии алоқавию иттилоотӣ ва харидории таҷҳизотҳои муосири иттилоотӣ-таҳлилӣ баррасӣ карда шуданд.
Ҷонибҳо зикр намуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ҷиҳати рушди самти коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ тамоми қувва ва воситаҳои худро истифода бурда, барои боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳои мутақобила чораҳои зарурӣ меандешанд.