ГАРМОИ СЕ РӮЗИ ОЯНДА: Хеле эҳтиёткор бошед!
Чоп шуд: 29/06/2019 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 1 то 3 июли соли равон ҳаво дар кишвар гарм мешавад. Дар баъзе манотиқи мамлакат гармии ҳаво то ба 44 дараҷа мерасад.
Гармои шадид дар баландкӯҳҳо сабабгори бошиддат об шудани пиряхҳо, барфҳо ва боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо мешавад. Эҳтимоли обхезӣ, лағзиши тарма ва резиши санг зиёд аст.





