Ахбори рӯз

ДИҚҚАТ: Эълони беҳтарин наққошиҳои кӯдакон дар бораи ҳолатҳои фавқулода

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии  «Ҳамсоягии дӯстона” (Добрососедство),  ТВ «Бахористон» озмуни беҳтарин наққошиҳои кӯдаконаи “Олам дар чашми атфол, бе ҳолатҳои фавқулода ва ҳодисаҳо” баргузор мекунад.

Ба озмун расмҳо дар мавзӯъҳои зерин пешниҳод мешаванд:

- гуногунрангии ҳолатҳои фавқулода ва пешгирии онҳо;

Санҷиши омодагиҳои бартарафсозии оқибатҳои хатарҳои эҳтимолии мавсимӣ дар Хатлон

Оре, сел ҳам ногаҳон меояд, агарчанде метавон аз рӯйи суръати борон тахмин зад. Ва дар ҷӯйбору рӯдхонаву канал ҳам ногаҳон сатҳи об боло меравад, ҳарчанд метавон аз шиддати борон инро тасаввур намуд. Вале боз ҳам мардум ғофил мемонанд, ки сел омад. Пас ҳамеша бояд омода буд, то аз хатари офатҳо дур бошем

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи

Дар ноҳияи Шаҳринав тамринҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шуданд

Мутобиқ ба Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва бартарафсозии  ҳолатҳои фавқулода дар соли 2019 дар ноҳияи Шаҳринав муддати се рӯз тамринҳои маҷмуъии ҳудудии воҳидҳои  Системаи ягона ва хадамоти мудофиаи граждании ноҳия дар мавзӯъи “Амали ҳайати роҳбарӣ, неруҳо ва воситаҳои зерсистемаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои

Мулоқот бо собиқадорон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

4 – уми майи соли 2019 дар остонаи 74-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо сарварон ва намояндагони Шӯрои собиқадорони КҲФ баргузор шуд. Дар он   раиси Шӯрои собиқадорони КҲФ, генерал-майор Б.Орипов, полковник М.Мирзоев ва подполковник Ф.Наҷмиддинов ширкат намуданд

Роҳи Душанбе-Чаноқ дубора боз шуд

Ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, ки аз шаби гузашта мутаваққиф шуда буд, аз сар гирифта шуд. Мақомот бо пахши эълони тоза ба равуои мошинҳо иҷозат доданд. Шоҳзода Бутаева, ҳамкори мо дар вилояти Суғд бо тайиди ин хабар афзуд, ки субҳи рӯзи 2-уми май, тахминан соати 06:40 дақиқа бар асари лағзиши як кӯҳпораи азим дар мавзеъи Чоре-Пойимазори ноҳияи Айнӣ роҳ баста шуд ва равуои

Страницы