Ахбори рӯз

Роҳҳо аз тарма пок мешаванд, зиндагӣ ба маҷрои худ бармегардад

Барфрезиҳои рӯзҳои пеш тақрибан дар ҳама роҳҳои мошингард гаштугузори мошинҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кард. Ба шарофати заҳамоти пайваста кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, IRS, талоши ҳукуматҳои маҳаллӣ то ин замон ҳама роҳҳо аз барфтӯдаҳо пок шудаву нақлиёт дубора ба ҳаракат даромад. То ин замон аз километри 170 то 172 роҳи Рушон-Бартанг ва аз килеметри 52 то  62 роҳи Хоруғ

Марги ҷавони 21-сола, ки дар оби канал ғарқ шуда буд

Як шаҳрванди 21-солаи шаҳри Хоруғ аз беэҳтиётӣ дар канали Нерўгоҳи  барқӣ - обии шаҳри Хоруғ  сарозер шудаву дар оби сарди он ғарқ гардида, ҳаёти худро аз даст додааст. Ин ҳодиса соати 22:55 дақиқаи рӯзи 23-январи соли ҷорӣ рух додааст. Шаҳрванд, ки аз ӯ Иқболшо Раҷаббеков ном бурда мешавад, аз беэҳтиётӣ дар оби канал ғарқ шудааст. Маҷрои оби сард ба ӯ имкон надодааст, ки ҷони худро наҷот диҳад. 

Бориши барф қатъ шуд, аммо хатари тарма рафъ нашуд. Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон

Ба назар мерасад бориши барф барои рӯзҳои оянда қатъ шуд ва тибқи иттилои Агентии ҳавосанҷии кишвар имрӯз дар сар то сари мамлакат ҳаво тағйирёбанда, вале бебориш аст. Сардтарин нуқтаи кишвар ҳамоно Булункул аст, ки рӯзона аз 18 то 20 ва шабона аз 38 то 40 дараҷа сард мешавад. Тибқи иттилоъи ҳамин манбаъ ҳарорати ҳаво дар кулли

Дар ноҳияҳои Ишкошим ва Рушон чӣ мегузарад?

Аз шуруъи барфҳои шадид дар кишвар ҳамарӯза дар бораи баста шудани роҳҳои вуруд ба ноҳияи Ишкошим аз Хоруғ хабар пахш мешуд. Инак, ҷузъиёти рӯйдодҳои чанд рӯзи охир:

Шоҳроҳҳои азими кишвар аз тарма пок шуданд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар айни замон ба ҷуз роҳи Хоруғ-Ишкошим боқӣ ҳама роҳҳои кишвар бозанд. Вале хатари лағзиши тарма ва санг дар роҳҳои кӯҳӣ бартараф нашудааст. Ронандагонро лозим меояд тибқи тавсияҳои хадамоти дахлдор сафар кунанд ва ҳангоми сафар ҳама қоидаҳои бехатариро риоя намоянд ва ҷони худ ва ҷони ҳавсафарони худро ба хатар наяндозанд. Ҳамчунин хонаводаҳои худро нигарон насозанд. Вазъи роҳҳо дар имрӯз, 23-январи соли 2018

Страницы