Ҷасади сокини 41-солаи пойтахт дар кӯли Ҷавонон пайдо шуд

Ҷасади як сокини 41-солаи пойтахт, ки чанде пештар баъди муноқишаи хонаводагӣ бедарак шуда буд, аз кӯли Ҷавонон пайдо шуд. Гуфта мешавад, ки ин мард баъди баҳси хонаводагӣ аз хона берун рафт ва дигар барнагашт. Ҷасади ӯро баъд аз зуҳри рӯзи 8-уми декабри соли равон наҷотдиҳандагони Маркази наҷоти Кумита пайдо карданд  ва барои ташхису таҳқиқ ба мақомоти дахлдор супурданд.

Ин мард сокини ноҳияи Синои пойтахт буда, соҳиби ду маълумоти олӣ: тиббӣ ва ҳуқуқшиносӣ будааст. Аз марҳум ду фарзанди ноболиғ ятим мондаанд.

Дар бораи сабабҳои дигари ин худкушӣ ҷузъиёти дигаре рушан нест. Мақомоти салоҳиятдор ба тафтиши омилҳо ва сабабҳо пардохтаанд. 

Маврид ба ёдоварист, ки зарфи се рӯзи охир ин дуюмин ҳодисаест, ки кормандони наҷоти КҲФ ҷасади фавтидагонро аз об берун меорад. Рӯзи 6-уми декабр низ ҷасади як сокини шаҳри Конибодом дар ҳавзи моҳипарварии ҶСК “Бодом” пайдо шуд. Соати 11:41 дақиқаи рӯзи ҷумъа, 6-уми декабри соли равон аз Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Конибодом дар бораи ин ҳодиса ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд.

Баъди дарёфти ин маълумот сардори бахши ҳолатҳои фавқулодда бо чанд тан аз наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Аз ҳавз ҷасади марди ношиносро берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.Маълум гардид, ки марҳум сокини 67-солаи шаҳр будааст, вале сабаби ба оби ҳавз ғарқ шудани ӯ маълум нест.

барчасп: