Ахбори рӯз

Татбиқи чаҳор тарҳи ҳамкорӣ бо давлати Қатар оғоз шуд

Дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ татбиқи амалии чаҳор лоиҳа миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон ва Кумитаи танзими кумакҳои хайрияи давлати Қатар оғоз гардиданд. Ин лоиҳаҳо ба ҳалли масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони КҲФ, тавонмандиҳои техникии ташкили корҳои соҳилбандӣ равона шудаанд.

Раёсати КҲФ дар Хатлон се моҳи фаъолияти худро ҷамъбаст намуд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар вилояти Хатлон таҳти раёсати ҷонишини Раиси КҲФ полковник М. Салимзода натиҷаи корҳои воҳидҳои сохтории КҲФ дар семоҳаи аввали соли 2019 ҷамъбаст гардид. Зимни суханронии худ Ҷонишини Раиси КҲФ як қатор тамоилҳои калидӣ дар фаъолияти Раёсат дар давраи ҳисоботиро қайд кард ва таваҷҷуҳро ба рӯйдодҳои пешмеомада ҷалб намуд.

Чорабинии “Кадбонуи беҳтарин” бо ширкати бонувони Афғонистон гузашт

Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълони солҳои 2019-2021 чун солҳои “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ҳамчунин дар доираи чорабиниҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ-намоиши “Кадбонуи беҳтарин” гузаронида шуд.

Дар кишвар хавфи лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст

Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар 20 ҳодисаи лағзиши тарма ва резиши санг ба қайд гирифта шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон бори дигар аз аҳолии кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳои безарурат худдорӣ варзанд, ба маҳалҳое, ки хавфи лағзиши тарма таҳдид мекунад, куҳгардӣ накунанд, ба ғунучини алафу ҳезум нараванд.

Бонувони афғон дар Тоҷикистон шеваҳои наҷот дар ҳолатҳои фавқулодаро меомӯзанд

Дар доираи татбиқи Протоколи имзошуда оид ба таҳкими ҳамкориҳои наздимарзии омодагиҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 2018 дар ҷараёни мулоқоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон имзо шуда буд, дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии КҲФ аввалин давраи омӯзишӣ барои бонувони наҷотбахши Афғонистон ва Тоҷикистон оғоз гардид.

Страницы