46 нафар донишҷӯёни баргашта аз Вуҳони Чин дар осоишгоҳи Харангон таҳти назорати табибон қарор гирифтанд

11 феврали соли равон 46 нафар донишҷӯёни тоҷик аз шаҳри Вуҳони Чин бо ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ба ватан баргардонида шуданд. Вуҳон шаҳрест, ки аввалин бор вируси короно дар он кашф шуд ва ҳоло аз сабаби густариши беморӣ дар карантин қарор дорад.

Шаҳрвандони баргашта таҳти роҳбаладии табибон ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба осоишгоҳи “Харангон” интиқол ёфтанд.

Қарор аст ин донишҷӯён дар  “Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати  “Харангон”-и ноҳияи Варзоб муддати ду ҳафта дар карантин бошанд. Тибқи иттилои Вазорати тандурустии кишвар  ду гурӯҳ табибон бо навбат ба муоинаи бистаришудагон машғул хоҳанд шуд.

Онҳо бо се вақт хӯроки гарм таъмин шуда, ҳамарӯза 3-4 маротиба ҳолати саломатиашон мавриди таҳлилу ташхис қарор мегирад.    

 Маврид ба таъкид аст, ки донишҷӯёни тоҷики муқими шаҳри Вуҳони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо дастуру супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватани азиз баргадонида шуданд.

барчасп: