Ахбори рӯз

Ҳам варзиш ва ҳам наҷот

Ба истиқболи таҷлили 24-умин солгарди таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Кумита дар вилояти Суғд як силсила чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст, ки бахше аз он роҳандозии мусобиқоти варзишӣ мебошад.

Дар марҳилаи аввал бозиҳои футбол, волейбол, тенниси рӯи миз оғоз шуданд.

Дар Данғара чӣ гузашт?

Ҳодисаи ду рӯзи пеш дар қаламрави ноҳияи Данғара то ҳол мағзҳои бедори миллатро ором намегузорад. Фоҷеаи мудҳиши қатли гардишгарони хориҷӣ ба дасти чанд қотил мавриди гуфтугӯҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ, миёни мардум, доираҳои коршиносӣ ва ҳукумати кишвар шудааст. Ба ақли инсонӣ рост намеояд, ки чанд тани аз дину оин бехабар дар рӯзи равшан даст ба қатли афроде мезананд, ки ба орзуи тамошои

Баҳси масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд дар Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоти Суғд  вохӯрии ҳайати шахсӣ бо сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Саидзода Баҳром Раҷабалӣ ва сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Суғд Дилрабо Сатторова баргузор шуд.

Таҳлили шаш моҳи фаъолияти Кумита дар нишасти матбуотӣ

Тӯли шаш моҳи соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 145 ҳолати фавқулодда ба қайд гирифта шуд. Аз шумори умумии ҳолатҳои бақайдгирифташуда 18 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ ва маънавӣ расонд.  Дар ин бора имрӯз полковник  Муҳаммадҷон Салимзода-муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар нишасти матбуотӣ ибрози назар намуд.
Вай аз ҷумла гуфт, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ 12 сокини

Идомаи корҳои таблиғотӣ дар вилояти Хатлон

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар обҳо кормандони Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон маъракаи таблиғотии “Об-қаламрави бехатар нест”-ро идома медиҳанд. Дар ҷараёни ин чорабиниҳо маъмулан кормандони Раёсати Кумита бо сокинони маҳаллӣ, соҳибони заврақҳои шиноварӣ ва истироҳаткунандагон ҳамсӯҳбат мешаванд.

Страницы