17 январи соли 2017. Мулоқоти раиси Кумита бо Директори кишварии Агро Аксияи Германия дар Тоҷикистон хонум Роми Ленс ва Директори кишварии ташкилоти «Корпуси шафқат» ҷаноби Гарретт Хаббард баргузор гардид.
Иштирокчиёни вохўрӣ натиҷаҳои фаъолияти лоиҳаи ДИПЕКО - 9 - ро дар соли 2016 ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориро дар доираи лоиҳаи нави ДИПЕКО - 10 дар соли 2017, инчунин масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои ногаҳониро дар ҳудуди ноҳияи Рашт ҳангоми тадбиқи барномаи ДИПЕКО - 10 баррасӣ намуданд.
17 январи соли 2018. Баргузории ҷаласаи муштарак дар ноҳияи Лахш.
17 январи соли 2019 Бар асари як силсила таркишҳо дар Донишгоҳи Лиони Фароса се нафар захмӣ шудаанд. Наҷотдиҳандагон фавран ҳамаи бошандагони биноро аз маҳалли офат хориҷ карданд. Хабаргузории Reuters навишт, ки ин таркиш дар боми кампус рух додааст. Тибқи хабарҳои фаврӣ дар ин инфиҷорҳо се тан зарар дидаанд. Твиттери донишгоҳ ахиран навишт, ки ин се тан захмҳои сабук бардоштанд ва ба саломатии онҳо таъсире надорад. Муфассал ИН ҶОСТ: Инфиҷор дар болои боми факултаи донишгоҳе, ки дар он 22 ҳазор нафар таҳсил мекунанд
17 январи соли 2019. Ҳангоми роҳандозии корҳои бартарафсозии офати табиӣ ва тоза кардани роҳҳо аз барфтӯдаҳо дар километри 32-уми роҳи мошингради Хоруғ-Ишкошим дар наздикии Барҷир боркаше, ки дар он кормандони Раёсати роҳи ВМКБ савор буданд, зери тарма монд. Дар натиҷа ронанда бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуд ва сокинони 64 ва 40-солаи ноҳияи Ишкошим ба ҳалокат расиданд. Ҷасади ин ду нафар ба хешовандонашон таслим карда шуд. Ду куштаву як захмӣ ва як гумшуда бар асари тарма дар роҳҳои кишвар