Тақвими рӯз: 18-уми январ

18 – уми январи соли 1883.Киштии уқёнуспаймои олмонии «Cimbria» дар баҳри Шимолӣ ба киштии «Sultan» (киштие буд бо ҳамин ном бо тӯли 175 фут (53 метр). Ин киштӣ соли 1807 сохта шуда буд)бархӯрд ва зери об рафт. Бар асари ин  ҳодиса 437 мусофир ва маллоҳон ба ҳалокат расиданд.

18 – уми январи соли 1959. Ҳавопаймои Ил – 14П, мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷон, ки дар хатсайри Маскав-Боку парвоз мекард, дар Сталинград сарнагун шуд.  Дар ин ҳодса 25 нафар ҷон доданд.

18 – уми январи соли 1988. Ҳавопаймои  Ту-154 дар фурудгоҳи Красноводск дучори садама шуд. 11 нафар кушта шуданд ва чандин тани дигар захмӣ гаштанд. 

18 январи соли 2017.Вохўрии раиси КҲФ ва МГ бо ҳайати машваратии Бонки Умумиҷаҳонӣ таҳти сарварии роҳбари ширкати машваратии «Asian Disaster Preparedness Center» (ADPC) ҷаноби Аслам Первайз сурат гирифт. Иштирокчиёни вохўрӣ масъалаҳои ташкил намудани марказҳои мудирияти ҳолатҳои бўҳрониро дар сатҳҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва минтақавӣ баррасӣ намуданд. Тарафҳо инчунин масъалаҳои таҳкими иқтидори кадрӣ, марказҳои таълимӣ, рушди минбаъдаи маркази иттилоотӣ-таҳлилии КҲФ ва МГ, омўзонидан ва бозомўзонидани кормандони воҳидҳои наҷотдиҳии Кумитаро муҳокима карданд.

18 – уми январи соли 2018. Дар роҳи Самара-Шимкент дар вилояти Актюбински Қазоқистон автобусе оташ гирифт, ки дар он 57 мусофир бо ду ронанда сафар доштанд. 52 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ба ҳалокат расиданд. Ба 5 нафар муяссар шуд, ки ҷони худро наҷот диҳанд. Ин автобус аз Ӯзбекистон ба Русия дар ҳоли ҳаракат буд. 

19 – уми январи соли 2019. Бар асари инфиҷори қубури интиқоли бензин дар шаҳри Тлауелилпани Мексика 20 нафар кушта шуданд ва бештар аз 60 нафари дигар захмӣ гаштанд. Ин ҳодиса рӯзи шанбе рух дод ва губернатори иёлоти Идалғо Умар Файёд аз аввалинҳо шуда хабарро аз тариқи саҳифаи худ дар Твиттер расонаӣ кард.Ин таркиш дар канори корхонаи қандсозии  Tula рух дод. Дар хабар гуфта мешуд, ки як сокини маҳалли хостааст аз сӯрохии хати лула барои худ маводи сӯхт гирад. Ҳукуматдорони маҳаллӣ мегӯянд ин шикофро замоне дуздони бензин кардаанд ва мақомоти нозир аз он бехабар будаанд.

барчасп: