Дарси методӣ-таълимӣ дар Раёсати ВМКБ

Раёсати ВМКБ

17-уми январи соли равон дар ММҲД-и шаҳри Хоруғ дарси методӣ-таълимӣ оиди ба пурзӯр гардонидани фаъолияти кории Комиссияҳо оид ба устуворгардонии иншоотҳои иқтисодӣ  баргузор шуд, ки дар он тамоми сардорони зернизомҳои ҳудудии низоми ягонаи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ва хадамотҳои дар шаҳри Хоруғ фаъолиятдошта иштирок намуданд.

Дар ҷаласа кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ таҳти роҳбарии муовини Сардори Раёсат полковник Сафарбек Аваз ширкат намуда, барои иштирокдорони дарс оиди  тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ, кор аз рӯи нақшаи умумӣ оид ба нақшаи-чорабиниҳои доир ба пешгирӣ ва рафъи оқибати ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2020 ва инчунини дигар пурзӯр намудани комиссияҳо оид ба устуворгардонии иншоотҳои иқтисодӣ, баррасӣ намуданд.

Дар рафти дарс иштирокдорон бо ыараёни кор тариқи рӯнамоиҳо  шинос шуда, мувофиқи протоколи ҷамъомад вазифадор гардиданд, ки минбаъд барои пешакӣ андешидани чораҳои зарурӣ ва ҳангоми рух додани ягон ҳолати фавқулодда ҳаматарафа фаъолияти пурзӯрро ба роҳ монанд.

Ш. Маставлиев, сардори бахши робита бо ҷомеаи Раёсат, лейтенанти хурд

барчасп: