Ахбори рӯз

Зилзила шуд дар Ҳоит...Ёде аз фоҷеаи 70 сол пеш

Ин шояд як мисра аз шеъри мардумӣ буд, ки замоне шунида будам ё хонда. Ва мисраҳои баъдии онро ёд надорам. Танҳо чизе дар хотирам аз зилзилаи Ҳоит нақш бастааст, он аст, ки миёнаҳо солҳои 80 бо талоши зумрае аз зиёиёни бедор аз фоҷеаи мудҳиш ёд шуд. Пештар касе аз он ёд намекард, ба ҷуз хонаводаҳои қурбониён, ки онҳо низ паҳну парешон дар гӯшаи хоки Тоҷикистон буданд. Ва ин навиштаи як соли пеш аст. Бо таваҷҷуҳ ба ҷиддияти заминларза ва талафоти бузургаш чун ёде аз қурбониёни он заминларза, дубора рӯйи саҳфа меорем.

ГАРМОИ ШАДИДИ РӮЗҲОИ ОЯНДА: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Гармои шадид баъзан фалокатбор аст. Бахусус дар манотиқи куҳӣ, ки об шудани барфу пиряхҳо хавфи беандозаи обхезӣ доранд. Аз оби зиёд рӯдхонаҳо фаровон мешавад, об аз соҳил берун меравад, ба ҷони одамон ва молу мулку зистгоҳашон хавф таҳдид мекунад. Ин аст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи ҳамватанон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки аз ҳавои гарму хушки рӯзҳои оянда эҳтиёт кунанд!

Таблиғи таъмини амният дар замони истироҳати тобистон

Тобистон аст ва мавсими тафреҳу истироҳат. Аксаран аз гармои шадид ба соҳили рӯдхонаву обанборҳо паноҳ мебаранд. Гурӯҳе дӯст медоранд шиноварӣ кунанд ва рӯзҳои истироҳату рухсатии худро сарфи ин шуғл мекунанд. Гурӯҳе завқу шавқи моҳидорӣ доранд. Ва мераванд лаби соҳил ва шаст ба дарё меандозанд. Аксари кӯдакону наврасонро волидонашон бо худ ба истироҳат мебаранд ва боз ҳам ба соҳилҳо, зеро макони хуби истироҳат ва фирор аз гармо ҳамин соҳилҳоянд. Ва будубош дар соҳилҳо қонунҳои навиштаву нонавиштаи худро доранд, ки шояд на ҳама хуб медонанд.

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ миёни истироҳаткунандагони махзанҳои оби Хоруғ

Тобистон, мавсими гармо, замони тафреҳу истироҳат, рухсатии корӣ, таътили тобистонаи кудакон. Ва ҳар кас мехоҳад таътилаш хотирмон гузарад. Аммо кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии навбатдории шабонарӯзӣ дар соҳили обҳо талош мекунанд ин истироҳату тафреҳ барои сокинон бехатар гузарад.

ГАРМОИ СЕ РӮЗИ ОЯНДА: Хеле эҳтиёткор бошед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 1 то 3 июли соли равон ҳаво дар кишвар гарм мешавад. Дар баъзе манотиқи мамлакат гармии ҳаво то ба 44 дараҷа мерасад.

Гармои шадид дар баландкӯҳҳо  сабабгори бошиддат об шудани пиряхҳо, барфҳо ва боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо мешавад. Эҳтимоли обхезӣ, лағзиши тарма ва резиши санг зиёд аст.

Страницы