25 январи соли 2020. Вазъи роҳҳои кишвар

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то охири моҳи январи соли 2020 дар аксар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ хатари бориши барф, лаӯзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад. Дар натиҷаи боришоти борону барф дар роҳҳои мошингарди Душанбу – Рашт – Лахш, Душанбе – Чаноқ, Шамсиддин Шоҳин – Ванҷ ҳаракати мошинҳо мушкил мешавад.

Чунончӣ, дар шабонарӯзи гузашта дар километрҳои 62, 63, 65 ва 66 роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб, ҳамчунин километрҳои 3 ва 18 роҳи мошингарди Либиҷар – Сангвор лағзиши тарма ба қад гирифта шуд.

Барои тоза кардани роҳҳо аз ғарами барф хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Innovative  Road  Solutions (IRS) техникаи махсус ҷудо карда шудааст. Дар айни замон роҳи Лабиҷар – Сангвор пурра аз барф тоза шуда, ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шудааст. Роҳи Душанбе – Варзоб низ аз барфтӯдаҳо тоза карда мешавад.  

КҲФ аз шаҳрвандон бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳи кӯҳӣ, роҳандозии корҳои саҳро, чорвочаронӣ, тайёр кардани ҳезум ва шикор худдорӣ кунанд.

МАТЛАБИ БЕШТАР ДАР БОРАИ ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲҲО:

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Борандагиҳои шадид, яхбандӣ, лағзиши тарма... 

Машварат дар фазои маҷозӣ: Чанд тавсия ба ронандагон дар остонаи фасли сард

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар иртибот ба тағйири обу ҳаво

Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон дар ин рӯзҳои мушкил

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: ронандаҳо, эҳтиёт кунед!

барчасп: