Тақвими рӯз: 24 – 25 – уми январ

Дар ин ду рӯз аз рӯйдодҳои фоҷеабори таърихи башар метавон аз сарнагунии як чархболи наҷот дар Италия, ҳавопаймои Боинг 734 ширкати ҳавопаймоии Ethiopian Airlines, ғарқ шудани киштии ҷопонии Онейда бо 125 мусофир, ҳалокати ду узви як оила бар асари заҳролуд шудан аз ангишт дар Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ ёд кард. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо ду сол пеш генерал Рустам Назарзода бо ирсоли нома ба ҳамтои қазоқи худ аз наҷоти 57 шаҳрванди Тоҷикистон изҳори сипос карда буд.

24 январи соли 1870. Дуртар аз Юкуҳомо (яке аз шаҳрҳои Ҷопон ва маркази вилояти Коногово, ки имрӯз 3,6 миллион аҳолӣ дорад) киштии бодбонии “Онейда” дар об ғарқ шуд. Ин фоҷеа ҷони 125 нафарро рабуд.

24 январи соли 2017. Чархболи наҷоти AgustaWestland AW139-и Италия дар ноҳияи кӯҳии Гран-Сассо-д’Италия сарнагун шуд. Ин чархбол лижаронеро, ки дар яке аз истироҳатгоҳҳои минтақа дучори мушкил шуда буд, интиқол медод. Дар натиҷа 6 нафар, аз ҷумла ду халабон, 2 наҷотдиҳанда, як духтур ва ҳамон лижароне, ки чархбол ӯро наҷот дода буд, кушта шуданд. Сабаби сарнагунӣ он буд, ки чархбол ба сахраи кӯҳ бархӯрд.

24 январи соли 2018. Бино ба хабари журналисти маъруфи тоҷики муқими Олмотӣ Саломиддин Мирзораҳматов бо талоши хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон 57 тан шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Суғд озими Русия буданд ва бар асари шикастани мошин зери хатар монданд, аз сардии ҳудудан 50 дараҷа наҷот дода шуданд. Агар кумаки саривақтӣ намерасид, эҳтимоли мусибатҳо миёни мусофирони тоҷик вуҷуд дошт. 
Муфассал:
Наҷоти 57 мусофири як автобус аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Акмолини Қазоқистон

25 январи соли 2018. Номаи сипоси генерал Назарзода ба мақомоти қазоқ ҷиҳати кумаки бедареғашон дар наҷоти 57 шаҳрванди Тоҷикистон
Муфассал: Номаи сипоси генерал Назарзода

25 январи соли 2010. Ҳавопаймои Boeing 737 мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии Ethiopian Airlines баъди ҳамагӣ чанд дақиқаи парвозаш аз фурудгоҳи Бейрут сарнагун шуд. Ин ҳавопаймо, ки бо хатсайри 409 дар ҳоли парвоз буд, дар баҳри Миёназамин, 3,5 километр ғарби рустои соҳилии Наамех ба замин зад. Ҳамаи касоне, ки дар ин ҳавопаймо сафар доштанд, аз ҷумла ҳамсари сафири Фаронса дар Лубнон кушта шуданд.

25 январи соли 2017. Дар деҳаи Дӯстии ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ шаби 25-ум ба 26-уми январи соли равон ду узви як оила – модар ва фарзандаш бар асари заҳролудшавӣ аз гази карбон ба ҳалокат расиданд.   Муфассал: Фалокат бар асари заҳролудшавӣ бо гази карбон 

барчасп: