Тақвими рӯз: 23-уми январ

31 сол пеш субҳи ин рӯз хабари мудҳиши фоҷеаи Шарора паҳн шуд. Даҳҳо нафар зери хок монданд. Нишоне аз зиндаҳо духтарчае дар гаҳвора буд, ки ҳоло 31 сол дорад ва соҳиби хонаву дар ва фарзандон аст. Ва исмашро ҳам мардум Шарора гузоштанд. Падару модари ӯ низ аз ҷумлаи қушташудагон дар ин фоҷеа буданд.

23 январи соли 1856. Аз Ливерпул ба самти Ню-Йорк киштии мусофирбари “Пасифик” бо парчами ИМА ба роҳ баромад. Баъди чанд муддат киштӣ нопадид шуд. Ҳар гуна  иртибот бо вай қатъ шуд. Бино ба маълумоти расмӣ дар киштӣ 200 нафар сафар доштанд.   

23 январи соли 2019. Як шаҳрванди 21-солаи шаҳри Хоруғ аз беэҳтиётӣ дар канали Нерўгоҳи  барқӣ - обии шаҳри Хоруғ  сарозер шудаву дар оби сарди он ғарқ гардида, ҳаёти худро аз даст дод. Ин ҳодиса соати 22:55 дақиқаи рӯзи 23-январи соли ҷорӣ рух додааст. Шаҳрванд, ки аз ӯ Иқболшо Раҷаббеков ном бурда мешавад, аз беэҳтиётӣ дар оби канал ғарқ шудааст. Маҷрои оби сард ба ӯ имкон надодааст, ки ҷони худро наҷот диҳад. Муфассал: Марги ҷавони 21-сола, ки дар оби канал ғарқ шуда буд

23 январи соли 2019. Соле пеш дар ин рӯзҳо. Боришоти бесобиқаи барф дар ВМКБ, тарма, роҳҳои баста, мушкили ҳаракати мошинҳо дар роҳҳо, ҳавои сард. Муфассал: Дар ноҳияҳои Ишкошим ва Рушон чӣ мегузарад?

23-уми январи соли 1989. Фоҷеи Шарора.  Субҳи бармаҳали 23-уми январи соли 1989 дар мавзеъи Шарораи ноҳияи Ҳисор фоҷеае рух дод, ки доғи он то кунун дар дили ҳазорон нафар боқист. Ҳудудан 300 нафар зери хок монданд ва аксари  онҳо занону тифлон ва пирони барҷомонда буданд. Муфассал:  Ёде аз фоҷеаи маргбори зимистони соли 1989

барчасп: