Ин се рӯз дар таърихи башар мусибатҳои зиёде оварда. Солҳои гуногун дар ин се рӯзи моҳи сарди сол ҷойе киштӣ зери об рафтаву ҷойи дигар ҳавопаймо ё чархбол сарнагун шуда. Дар ҳамаи ин ҳолатҳо одамон ҷон додаанд. Ҳеч чизе наметавонад баробар ба арзиши ин ҷонҳои рафта дошта бошад.
19 январи соли 2018. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Шавкат Миромонович,
Хабари оташ гирифтани автобуси мусофирбарро дар вилояти Актюбински Ҷумҳурии Қазоқистон, ки муҷиби ҳалокати 52 нафар гардид, бо андӯҳи гарон дарёфтам.
Аз Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович хоҳиш менамоям, ки изҳори тасаллият ва ҳамдардии моро аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон, инчунин шифои комилро ба осебдидагони ин фоҷиа расонед».
20-уми январи соли 2011. Соати 16:10 бо вақти Маскав чархболи тамғаи AS-355N мансуб ба ширкати ҳавопаймоии «Корпоративные вертолёты Северо-Запада» дар наздикии кӯли Суходол дучори садама шуд. аз шаш нафар як нафар ба ҳалокат расид. Сабаби ин обу ҳавои номусоид гуфта шуд, ки гӯё халабонҳо ба он омодагӣ надоштанд.
20-уми январи соли 2015. Ҳавопаймоии мулкии Ан-2П, ки мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии қазоқии Olimp Air буд, дар ноҳияи шаҳраки Михайловкаи ноҳияи Шуски вилояти Ҷамбул (Қазоқистон) сарнагун шуд. Ин ҳавопаймо бо чор мусофир ва 3 халабон парвоз карда буд. Дар натиҷа 6 нафар ба ҳалокат расиданд, танҳо як зан аз ҷумлаи мусофирон зинда монд.
21 – уми январи соли 1854. Киштии RMS Tayleur дар об ғарқ шуд. Ин яке аз аввалин садамаи киштии мусофирбар буд, ки ҳеч иртиботе ба амалиётҳои ҷангӣ надошт. Дар замони худ ин яке аз киштиҳои калонтарин ва пурқудраттарин маҳсуб мешуд. 19 январ киштӣ ба сафари аввали худ бо хатсайри Ливерпул (Англия) – Мелбурн (Австралия) оғоз кард ва 21 январ дар об ғарқ шуд. 362 нафар ҳалок шуданд ва 290 нафар наҷот ёфтанд. Як сабаби аслии ғарқ шудани ин киштӣ он будааст, ки маллоҳон аксаран афроди бетаҷриба будаанд. Аз 71 маллоҳ танҳо 37 нафари онҳо таҷрибаи шино дар обҳои озод доштаанд.
20 – уми январи соли 1887. Дар наздикии соҳилҳои Бразилия ду киштӣ ба ҳам бархӯрданд. Дар ин ҳодиса наздик ба 3 ҳазор нафар ҳалок гардиданд.
21 – уми январи соли 2019. Дар баҳри Сиёҳ киштиҳои "Канди" ва "Маэстро", ки зери парчами Танзания дар ҳоли ҳаракат буданд, оташ гирифтанд. Тибқи иттилои расида ин сӯхтор замони интиқоли сӯзишворӣ аз як киштӣ ба киштии дигар рух додааст ва оташ саҳни ду киштиро бо дуду ғализи худ пӯшидааст. Дар ин ду танкер (ТАНКЕР - навъе киштии тиҷоратӣ аст, ки барои ҳамлу нақли маводи моеъ пешбинӣ шудааст) 32 нафар савор буданд ва аз онҳо танҳо 12 нафарро тавонистанд наҷот диҳанд. 10 баҳрнавард кушта пайдо шудааст ва даҳ тани дигар ҳоло бенишон гуманд.
Муфассал: Сӯхтор дар танкерҳои баҳри Сиёҳ
22 – уми январи соли 2019. Ҳавои сарду барфи шадид ва тӯфонҳои барфолуда сабаб шуданд, ки машҳуртарин дар олам обшор-обшорҳои Ниёгаро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ях банданд. Бино ба гузориши ширкати телевизионии CNN сабаби яхбандии шадиди обшор тӯфони барфӣ будааст, ки ахиран ба ин минтақа сарозер омадааст.
Маълумоти бештар: Дар ИМА обшори машҳури Ниёгаро аз сардии ҳаво ях баст
22 – уми январи соли 1873. Дар торикӣ киштии бодбонии британиёии «Northfleet” ба киштии испонии «Murillo» бархӯрд ва «Northfleet” ба қаъри об рафт. Дар ин ҳодиса 293 нафар ҷони худро аз даст доданд. Танҳо ба 86 нафар муяссар шуд, ки зинда моннад.
22 – уми январи соли 1973. Ҳавопаймои Boeing 707 – мансуб ба ширкати ҳавопаймоии Alia ҳангоми фуруд омадан ба фурудгоҳи шаҳри Кано (Нигерия) сарнагун шуд. Дар натиҷа 176 нафар кушта шуданд.
Дар замони худ ин калонтарин фоҷеаи ҳавопаймо буд.